Ба ту маслиҳат медиҳам, ки аз Ман тиллои дар оташ сурхшударо бихарӣ, то ки сарватдор шавӣ; ва либоси сафедро, то ки бипӯшӣ, ва расвоии бараҳнагии ту аён нашавад; ва сурмаро, то ки ба чашмони худ кашида, бино шавӣ.
Ваҳй Юҳанно 3:18
Нури рӯзона
Ба ту маслиҳат медиҳам, ки аз Ман тиллои дар оташ сурхшударо бихарӣ, то ки сарватдор шавӣ; ва либоси сафедро, то ки бипӯшӣ, ва расвоии бараҳнагии ту аён нашавад; ва сурмаро, то ки ба чашмони худ кашида, бино шавӣ.
Ваҳй Юҳанно 3:18
Исо ба ҷавоб гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: касе нест, ки хона, ё бародарон, ё хоҳарон, ё падар, ё модар, ё зан, ё фарзандон, ё амлокро аз баҳри Ман ва Инҷил тарк кунаду Алҳол, дар ин замон, дар миёни таъқибот, сад чандон хонаҳо ва бародарон ва хоҳарон ва падарон ва модарон ва фарзандон ва амлок ва дар олами оянда хаёти ҷовидонӣ наёбад;
Инҷили Марқӯс 10:29-30
Эй маҳбубон! Аз озмоиши оташе ки барои имтиҳони шумо фиристода мешавад, ҳайрон нашавед, ки гӯё воқеаи аҷибе ба шумо рӯй дода бошад,
1 Петрус 4:12
Дар ин бора шодӣ кунед, дар сурате ки ҳоло, агар лозим шавад, аз озмоишҳои гуногун андаке андӯҳгин мешавед. Имони шумо аз тилло, ки бо вуҷуди озмуда шуданаш дар оташ ҳам фонӣ мебошад, гаронбаҳотар аст. Ин имон аз имтиҳон мегузарад ва барои ҳамд ва шавкат ва ҷалол дар вақти зуҳури Исои Масеҳ холис ба миён меояд.
1 Петрус 1:6-7
Ва Худои ҳар файз, ки моро ба ҷалоли абадии Худ дар Исои Масеҳ даъват намудааст, баъд аз уқубати кӯтоҳмуддати шумо, шуморо комил, устувор, қавӣ ва матин хоҳад кард.
1 Петрус 5:10
Ин чизҳоро ба шумо гуфтам, то ки дар Ман осоиштагӣ дошта бошед. Дар ҷаҳон ғаму кулфат хоҳед дошт; лекин далер бошед: Ман бар ҷаҳон ғолиб шудаам».
Инҷили Юҳанно 16:33
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
18 Июн 2026
Exodus 25:21-22
17 Июн 2026
Philippians 4:6
16 Июн 2026
Ephesians 5:15-16
15 Июн 2026
Deuteronomy 29:29
14 Июн 2026
Philippians 3:10
13 Июн 2026
John 15:4
12 Июн 2026
Numbers 31:23