Худованд подшоҳӣ хоҳад кард то абад, Худои ту, эй Сион, то абадуддаҳр. Ҳалелуёҳ!
Забур 145:10
Нури рӯзона
Худованд подшоҳӣ хоҳад кард то абад, Худои ту, эй Сион, то абадуддаҳр. Ҳалелуёҳ!
Забур 145:10
Эй ҷонам, Худовандро муборак бихон. Худовандо, Худои ман! Бениҳоят бузург ҳастӣ; шукӯҳ ва шавкат пероҳани Туст. Нурро мисли ридое дар бар мекунӣ, осмонро мисли саропардае паҳн менамоӣ.
Забур 103:1-2
Таронаи Довуд. Ба мухолифонам, эй Худованд, мухолифат намо, ба ҷангҷӯёнам ҷанг кун;
Забур 34:1
Сипар ва ҷавшан бигир, ва ба мадади ман бархез;
Забур 34:2
Маро аз қасди бадкешон пинҳон бикун, ва аз ҳаёҳуи бадкирдорон, Ки забони худро мисли шамшер тез кардаанд, тирҳои худ — суханони талхро ба зеҳ овардаанд, То ки аз камингоҳи худ ба беайбе биандозанд; баногоҳ ба вай меандозанд ва наметарсанд.
Забур 63:3-5
Ва Марьям гуфт: «Чони ман Худовандро ситоиш мекунад, Ва рӯҳи ман аз Худои Наҷотдиҳандаи ман ба ваҷд омад,
Инҷили Луқо 1:46-47
«Эй Худованд, Ту сазовори он ҳастӣ, ки ҷалол, шавкат ва қудрат биёбӣ, зеро ки Ту ҳама чизро офаридаӣ, ва ҳама чиз бар тибқи иродаи Ту вуҷуд дорад ва офарида шудааст».
Ваҳй Юҳанно 4:11
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
16 Июн 2026
Ephesians 5:15-16
15 Июн 2026
Deuteronomy 29:29
14 Июн 2026
Philippians 3:10
13 Июн 2026
John 15:4
12 Июн 2026
Numbers 31:23
11 Июн 2026
Luke 15:20
10 Июн 2026
Luke 15:13