Исо ба онҳо гуфт: «Ба сабаби беимонии шумо; зеро ба ростӣ ба шумо мегӯям: агар ба андозаи донаи хардале имон дошта бошед ва ба ин кӯҳ бигӯед: „Аз ин ҷо ба он ҷо кӯч кун“, он кӯч хоҳад кард; ва ҳеҷ чиз барои шумо ғайриимкон нахоҳад буд;
Инҷили Матто 17:20
Аъмоли туро медонам; инак, Ман дареро барои ту кушодаам, ва ҳеҷ кас наметавонад онро бандад; ту қуввати каме дорӣ, ва каломи Маро риоят намудаӣ, ва исми Маро инкор накардаӣ.
Ваҳй Юҳанно 3:8
Зеро касе ки он рӯзи корҳои майдаро писанд накарда буд, алҳол шоқулро дар дасти Зарубобил дида, шод хоҳад шуд; ин ҳафт — чашмони Худованд ҳастанд, ки тамоми заминро бо нигоҳи худ фаро мегиранд».
Закариё 4:10
We are bound to always give thanks to God for you, brothers, even as it is appropriate, because your faith grows exceedingly, and the love of each and every one of you towards one another abounds;
2 Thessalonians 1:3
Ва ҳаввориён ба Худованд гуфтанд: «Имони моро зиёд кун».
Инҷили Луқо 17:5
Муртадии онҳоро шифо хоҳам дод,
аз рӯи марҳамат онҳоро дӯст хоҳам дошт,
зеро ки ғазаби Ман аз онҳо дур шудааст.
Барои Исроил мисли шабнам хоҳам буд;
вай мисли савсан гул хоҳад кард,
ва мисли арзи Лубнон решаҳои худро хоҳад давонид.
Ҳушаъ 14:5-6