Ӯ шахсан гуноҳҳои моро дар Бадани Худ ба дор бардошт, то ки мо аз гуноҳҳо фориғ шуда, барои адолат зиндагӣ кунем: шумо аз ҷароҳатҳои Ӯ шифо ёфтед.
1 Петрус 2:24
Нури рӯзона
Ӯ шахсан гуноҳҳои моро дар Бадани Худ ба дор бардошт, то ки мо аз гуноҳҳо фориғ шуда, барои адолат зиндагӣ кунем: шумо аз ҷароҳатҳои Ӯ шифо ёфтед.
1 Петрус 2:24
Пас рафтори пештараи одами кӯҳнаро, ки дар шаҳавоти дилфиреб фосид мешавад, аз худ дур кунед, Ва хиради шумо бояд дар Рӯҳ тоза шавад, Ва одами навро, ки ба шабоҳати Худо дар адолат ва қудсияти ростӣ офарида шудааст, дар бар кунед.
Нома ба Эфсӯсиён 4:22-24
Зеро ки шумо мурдаед, ва ҳаёти шумо бо Масеҳ дар Худо ниҳон аст:
Нома ба Қӯлассиён 3:3
Пас мо, дар мамоташ таъмид ёфта, бо Ӯ дафн шудаем, то ки, чунон ки Масеҳ бо ҷалоли Падар аз мурдагон эҳьё шуд, ончунон мо низ дар ҳаёти нав қадамгузор шавем.
Нома ба Румиён 6:4
Зеро медонем, ки инсони кӯҳнаи мо бо Ӯ маслуб шудааст, то ки чисми пургуноҳ ботил гардад, ва мо дигар бандагони гуноҳ набошем; Чунки мурда аз гуноҳ фориғ аст.
Нома ба Румиён 6:6-7
Ҳамин тавр шумо низ худро барои гуноҳ кардан мурда, аммо барои Худо дар Худованди мо Исои Масеҳ зинда ҳисоб кунед. Пас, бигзор гуноҳ дар ҷисми мирандаи шумо ҳукмрон нашавад, то ки ба ҳавасҳои он итоат намоед; Ва андоми худро ба гуноҳ насупоред, то ки олати шарорат шавад, балки худро, ҳамчун касони аз мурдагон зиндашуда, ба Худо таслим кунед ва андоми худро дар ихтиёри Худо вогузор намоед, то ки олати адолат бошад.
Нома ба Румиён 6:11-13
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
11 Июн 2026
Luke 15:20
10 Июн 2026
Luke 15:13
9 Июн 2026
John 7:46
8 Июн 2026
Genesis 39:3
7 Июн 2026
Luke 18:1
6 Июн 2026
Zephaniah 3:17
5 Июн 2026
Luke 17:10