Ва Худо бекасони ҷаҳон ва ҳақиронро, ва он чиро, ки номавҷуд аст, баргузид, то ки мавҷудро ботил кунад, —
1 ба Қӯринтиён 1:28
Нури рӯзона
Ва Худо бекасони ҷаҳон ва ҳақиронро, ва он чиро, ки номавҷуд аст, баргузид, то ки мавҷудро ботил кунад, —
1 ба Қӯринтиён 1:28
Ва ҳама моту мабҳут ва мутааҷҷиб шуда, ба якдигар мегуфтанд: «Оё ҳамаи инҳо, ки гап мезананд, ҷалилӣ нестанд?
Аъмоли Ҳаввориён 2:7
Ва чун аз канори баҳри Ҷалил мегузашт, ду бародарро: Шимъӯнро, ки Петрус меномиданд, ва бародари ӯ Андриёсро дид, ки дар баҳр тӯр меандохтанд; зеро ки сайёди моҳӣ буданд; Ва ба онҳо гуфт: «Маро пайравӣ кунед, ва Ман шуморо сайёди мардум гардонам».
Инҷили Матто 4:18-19
Вақте ки ҷасорати Петрус ва Юҳанноро диданд ва пай бурданд, ки одамони нохонда ва оддӣ ҳастанд, мутааҷҷиб шуданд ва онҳоро шинохтанд, ки аз ҳамроҳони Исо буданд;
Аъмоли Ҳаввориён 4:13
Ва калому мавъизаи ман на дар суханони исботкоронаи ҳикмати инсон, балки дар зуҳури рӯҳ ва қувват буд, То ки имони шумо на бар ҳикмати инсон, балки бар қуввати Худо қарор ёбад.
1 ба Қӯринтиён 2:4-5
На шумо Маро баргузидаед, балки Ман шуморо баргузидаам ва шуморо таъин кардам, ки шумо биравед ва мева оваред, ва меваи шумо бимонад, то ки ҳар чи аз Падар ба исми Ман талаб кунед, ба шумо ато кунад.
Инҷили Юҳанно 15:16
Ман Ток ҳастам, ва шумо навдаҳо; касе ки дар Ман бимонад, ва Ман дар вай, меваи фаровон меоварад; зеро ки бе Ман ҳеҷ коре наметавонед кунед.
Инҷили Юҳанно 15:5
Лекин мо ин ганҷро дар зарфҳои гилин дорем, то маълум шавад, ки бартарии қувват аз они Худо бошад, на аз ҷониби мо;
2 ба Қӯринтиён 4:7
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
2 Июл 2026
Exodus 12:43
1 Июл 2026
Galatians 5:22
30 Июн 2026
Revelation 3:19
29 Июн 2026
1 John 5:3
28 Июн 2026
Job 19:25
27 Июн 2026
Revelation 6:17
26 Июн 2026
1 Chronicles 4:10