Зеро ки хоб дидан аз шуғли бисьёр пайдо мешавад, ва овози аблаҳ аз сухани бисьёр.
Воиз 5:2
Нури рӯзона
Зеро ки хоб дидан аз шуғли бисьёр пайдо мешавад, ва овози аблаҳ аз сухани бисьёр.
Воиз 5:2
Ва дар вақти дуо чун халқҳо пургӯӣ накунед; зеро онҳо гумон мекунанд, ки ба туфайли пургӯӣ дуояшон мустаҷоб мешавад; Монанди онҳо набошед; зеро Падари шумо тамоми эҳтиёҷоти шуморо, пеш аз он ки талаб кунед, медонад.
Инҷили Матто 6:7-8
Ва говеро, ки ба онҳо дода шуд, гирифта, тайёр карданд, ва номи Баалро аз субҳ то нимирӯзӣ хонда, гуфтанд: «Эй Баал, ба мо ҷавоб гардон!» Вале на садое буд ва на ҷавобе. Ва онҳо назди қурбонгоҳе ки сохта буданд, ҷастухез мекарданд.
3 Подшоҳон 18:26
«Ду кас ба маъбад барои ибодат даромаданд, ки яке фарисӣ ва дигаре боҷгир буд. Фарисӣ рост истода, дар дили худ чунин дуо мегуфт: „Худоё! Туро шукр мегӯям, ки монанди касони дигар: тороҷгарон, золимон, зинокорон, ё монанди ин боҷгир нестам:
Инҷили Луқо 18:10-11
Аммо боҷгир, дуртар истода, ҳатто ҷуръат надошт, ки чашмонашро сӯи осмон баланд кунад; балки синаи худро мезаду мегуфт: „Худоё! Ба мани гуноҳкор раҳм кун“. Ба шумо мегӯям, ки ин шахс назар ба он шахс бештар сафед шуда ба хонаи худ рафт: зеро ҳар кӣ худро баланд кунад, паст мешавад, ва ҳар кӣ худро фурӯтан созад, сарафроз мешавад».
Инҷили Луқо 18:13-14
Рӯзе Ӯ дар ҷое дуо мегуфт, ва ҳангоме ки тамом кард, яке аз шогирдонаш ба Ӯ гуфт: «Худовандо! Дуо гуфтанро ба мо ёд деҳ, чунон ки Яҳьё низ ба шогирдонаш ёд додааст».
Инҷили Луқо 11:1
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
29 Июн 2026
1 John 5:3
28 Июн 2026
Job 19:25
27 Июн 2026
Revelation 6:17
26 Июн 2026
1 Chronicles 4:10
25 Июн 2026
1 John 3:2
24 Июн 2026
Numbers 10:33
23 Июн 2026
John 14:16-17