Ва Самуил як сангро гирифта, дар миёни Мисфо ва Шен гузошт, ва онро Эбен‐Эзер номида, гуфт: «То ин ҷо Худованд ба мо мадад кард».
1 Подшоҳон 7:12
Нури рӯзона
Ва Самуил як сангро гирифта, дар миёни Мисфо ва Шен гузошт, ва онро Эбен‐Эзер номида, гуфт: «То ин ҷо Худованд ба мо мадад кард».
1 Подшоҳон 7:12
Ва онҳоро мисли гӯсолае мерақсонад; Лубнон ва Сирюнро мисли бачаи гови ваҳшӣ. Овози Худованд забонаҳои оташро чақмоқ мезанонад.
Забур 28:6-7
Фароизи Туро нигоҳ хоҳам дошт; маро тамоман тарк накун. Ба чӣ васила ҷавон роҳи худро покиза медорад? Бо нигоҳ доштани худ мувофиқи каломи Ту.
Забур 118:8-9
Худованди мо бузург аст ва пурқувват; хиради Ӯ беҳадду беканор аст.
Забур 146:5
Барои он ки дӯстони Ту халосӣ ёбанд, бо ямини Худ наҷот деҳ, ва маро иҷобат намо.
Забур 107:7
Аз ҳамаи қавлу ваъдаҳое ки Худованд ба хонадони Исроил дода буд, сухане зоеъ нарафт: ҳамааш ба амал омад.
Еҳушаъ ибни Нун 21:45
Ва ба онҳо гуфт: «Вақте ки Ман шуморо бе ҳамьён, бе тӯрба ва бе пойафзол фиристодам, оё ба чизе эҳтиёҷ доштед?» Гуфтанд: «Ба ҳеҷ чиз».
Инҷили Луқо 22:35
Ноинсофиҳо меандешанд, ва мегӯянд: «Андешаи хубе кардаем»; ва умқи ботину дили ҳар яке пур аз макр аст.
Забур 63:7
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
30 Июн 2026
Revelation 3:19
29 Июн 2026
1 John 5:3
28 Июн 2026
Job 19:25
27 Июн 2026
Revelation 6:17
26 Июн 2026
1 Chronicles 4:10
25 Июн 2026
1 John 3:2
24 Июн 2026
Numbers 10:33