Ин — шаби бедории Худованд буд барои берун овардани онҳо аз замини Миср; ин ҳамон шабе буд барои Худованд, ки дар он тамоми банӣ‐Исроил насл ба насли худ бояд бедор бошанд.
Хуруҷ 12:42
Нури рӯзона
Ин — шаби бедории Худованд буд барои берун овардани онҳо аз замини Миср; ин ҳамон шабе буд барои Худованд, ки дар он тамоми банӣ‐Исроил насл ба насли худ бояд бедор бошанд.
Хуруҷ 12:42
Зеро ман аз Худованд чунин қабул кардам ва ба шумо низ супурдам, ки Исои Худованд дар он шабе ки Ӯро таслим карданд, нонро гирифт Ва баракат дода, пора кард ва гуфт: «Бигиред, бихӯред, ин Бадани Ман аст, ки барои шумо пора карда мешавад; инро ба ёдгории Ман ба ҷо оваред». Ҳамчунин косаро пас аз таоми шом гирифта, гуфт: «Ин коса аҳди ҷадид аст дар Хуни Ман; инро, ҳар боре ки менӯшед, ба ёдгории Ман ба ҷо оваред.»
1 ба Қӯринтиён 11:23-25
Ва Худаш ба масофаи андохтани санге аз онҳо дур шуда, зону зад ва дуо карда, гуфт:
Инҷили Луқо 22:41
Ва Ӯ дар изтироб афтода, бо ҷаҳди бештаре дуо мегуфт; ва арақи Ӯ мисли қатраҳои хун буд, ки бар замин мечакид.
Инҷили Луқо 22:44
Рӯзи ҷумъаи арафаи иди фисҳ буд, ки дар соати шашум ба яҳудиён гуфт: «Инак, Подшоҳи шумо!»
Инҷили Юҳанно 19:14
Ниҳоят, Ӯро ба дасти онҳо супурд, то ки маслуб кунанд. Ва онҳо Исоро гирифта бурданд. Ва Ӯ салиби Худро бардошта, ба он ҷое ки «Ҷои косахонаи сар» ва ба ибронӣ Ҷолҷолто ном дошт, равона шуд; Дар он ҷо Ӯро маслуб карданд ва бо Ӯ ду каси дигарро: яке аз ин тарафаш ва дигаре аз он тарафаш, ва Исо дар миёна.
Инҷили Юҳанно 19:16-18
Пас, хамиртуруши кӯҳнаро тоза кунед, то ки шумо хамири нав бошед, чунки шумо бе хамиртуруш ҳастед, зеро ки Фисҳи мо, Масеҳ, барои мо забҳ шудааст. Бинобар ин идро на бо хамиртуруши кӯҳна, на бо хамиртуруши шарорат ва макр, балки бо фатири покӣ ва ростӣ ба ҷо хоҳем овард.
1 ба Қӯринтиён 5:7-8
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
25 Июн 2026
1 John 3:2
24 Июн 2026
Numbers 10:33
23 Июн 2026
John 14:16-17
22 Июн 2026
Colossians 3:3
21 Июн 2026
1 Peter 2:21
20 Июн 2026
Exodus 2:9
19 Июн 2026
Hebrews 12:14