Шанбе, 25 Июл 2026

Нури рӯзона

25 Июл 2026

Дар ҳар қадамамон алҳол моро иҳота мекунанд; чашмони худро дӯхтаанд, то ки маро ба замин ғалтонанд;

Забур 16:11

Ва ба ин қавм бигӯй: „Худованд чунин мегӯяд: инак, Ман ба шумо роҳи ҳаёт ва роҳи мамотро пешниҳод менамоям:

Ирмиё 21:8

Худи ман низ, ҳошо ки ман ба ҳузури Худованд чунин гуноҳро ба худ раво бинам, ки барои шумо дуо гуфтанро тарк намоям, балки шуморо ба роҳи нек ва рост ҳидоят хоҳам кард.

1 Подшоҳон 12:23

Исо ба вай гуфт: «Ман роҳ ва ростӣ ва ҳаёт ҳастам; касе наметавонад назди Падар ояд, магар ин ки ба василаи Ман;

Инҷили Юҳанно 14:6

Ва ба онҳо гуфт: «Маро пайравӣ кунед, ва Ман шуморо сайёди мардум гардонам».

Инҷили Матто 4:19

Роҳе ҳаст, ки ба назари кас рост менамояд, вале оқибаташ роҳҳои мамот аст.

Масалҳо 14:12

Аз дари танг дароед; зеро фарох аст он дар ва васеъ аст он роҳе ки сӯи ҳалокат мебарад, ва онҳое ки ба он дохил мешаванд, бисьёранд; Зеро танг аст он дар ва душвор аст он роҳе ки сӯи ҳаёт мебарад, ва ёбандагони он кам ҳастанд.

Инҷили Матто 7:13-14

Ва дар он ҷо шоҳроҳе ва ҷоддае хоҳад буд, ва он роҳи муқаддас номида хоҳад шуд; наҷисе аз он нахоҳад гузашт; балки он барои онҳо хоҳад буд, ва ҳар кӣ бо ин роҳ равад, ҷоҳил бошад ҳам, гумроҳ нахоҳад шуд.

Ишаъё 35:8

Ва Худовандро хоҳем шинохт ва барои шинохтани Ӯ ҷидду ҷаҳд хоҳем кард; зуҳури Ӯ мисли шафақи субҳ аст, ва Ӯ назди мо мисли борон, мисли борони охири баҳор, ки заминро сероб мекунад, хоҳад омад».

Ҳушаъ 6:3

Дар хонаи Падари Ман иқоматгоҳ бисьёр аст; ва агар чунин намебуд, магар ба шумо мегуфтам: „Меравам, то ки барои шумо ҷой тайёр кунам“?

Инҷили Юҳанно 14:2

Бо зеҳни сунъӣ тарҷума шудааст, аз ҷумла иқтибосҳои Китоби Муқаддас — ҳама гуна истинодро кушоед, то онро дар Китоби Муқаддас 1992, 1999 хонед.

Барои маълумоти муффасал ба адреси электронии мо муроҷиат намоед: [email protected]

Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).

Рӯзҳои охир