Ва банӣ‐Исроил сӯи Худованд истиғоса бурданд, ва Худованд барои онҳо наҷотдиҳандае, яъне Эҳуд ибни Ҷерои биньёминиро, ки марди чапдасте буд, ба майдон овард; ва банӣ‐Исроил ба воситаи ӯ ба Аҷлӯн — подшоҳи Мӯоб — ҳадия фиристоданд.
Доварон 3:15
Нури рӯзона
Ва банӣ‐Исроил сӯи Худованд истиғоса бурданд, ва Худованд барои онҳо наҷотдиҳандае, яъне Эҳуд ибни Ҷерои биньёминиро, ки марди чапдасте буд, ба майдон овард; ва банӣ‐Исроил ба воситаи ӯ ба Аҷлӯн — подшоҳи Мӯоб — ҳадия фиристоданд.
Доварон 3:15
Ва баъд аз ӯ Шамҷар ибни Анот буд, ва шашсад нафарро аз фалиштиён бо таёқи говронӣ зада кушт; ва ӯ низ Исроилро наҷот дод.
Доварон 3:31
Ва Худованд ба ӯ рӯй оварда, гуфт: «Бо ин қуввати худ бирав, ва Исроилро аз дасти Мидьён наҷот деҳ; Ман туро мефиристам». Ва дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Худовандо, ман Исроилро чӣ гуна метавонам наҷот диҳам? Инак, хонаводаи ман дар сибти Менашше аз ҳама бенавотар аст, ва ман дар хонаи падарам аз ҳама ҷавонтарам».
Доварон 6:14-15
Ва Худо ба Ҷидъӯн гуфт: «Қавме ки бо ту ҳастанд, бештар аз онанд, ки Мидьёнро ба дасти онҳо таслим намоям, мабодо Исроил ба ҳузури Ман фахр карда, гӯянд, ки „дасти мо моро наҷот дод“.
Доварон 7:2
Ва ӯ ба ман ҷавоб гардонда, гуфт: «Ин каломи Худованд аст, ки барои Зарубобил гуфта шудааст: на бо ҷасорат ва на бо қувват, балки бо Рӯҳи Ман, мегӯяд Худованди лашкарҳо.
Закариё 4:6
Ниҳоят, эй бародаронам, дар Худованд ва дар тавоноии қудрати Ӯ неруманд шавед.
Нома ба Эфсӯсиён 6:10
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
11 Авг 2026
Hebrews 2:14
10 Авг 2026
John 17:15
9 Авг 2026
Song of Solomon 4:7
8 Авг 2026
Proverbs 4:18
7 Авг 2026
John 14:26
6 Авг 2026
Proverbs 3:12
5 Авг 2026
Romans 6:4