Панҷшанбе, 13 Август 2026

Нури рӯзона

13 Авг 2026

Ва Худо бекасони ҷаҳон ва ҳақиронро, ва он чиро, ки номавҷуд аст, баргузид, то ки мавҷудро ботил кунад, —

1 ба Қӯринтиён 1:28

Оё намедонед, ки золимон вориси Малакути Худо намешаванд? Фирефта нашавед: на зинокорон, на бутпарастон, на фосиқон, на бачабозон, на ливотагарон, На дуздон, на ҳаромризқон, на бадмастон, на бадзабонон, на ғоратгарон — вориси Малакути Худо намешаванд. Ва баъзе аз шумо чунин будед; аммо пок шудед, аммо қудсият пайдо кардед, аммо сафед шудед ба исми Худованди мо Исои Масеҳ ва ба Рӯҳи Худои мо.

1 ба Қӯринтиён 6:9-11

Шумо ба сабаби хатоҳо ва гуноҳҳои худ як вақте мурда будед. Дар онҳо шумо мувофиқи давраи ин олам ва иродаи мире ки дар ҳаво ҳукмрон аст, яъне он рӯҳе ки ҳоло дар писарони исьён амал мекунад, зиндагӣ мекардед. Дар миёни онҳо ҳамаи мо низ як вақте аз рӯи шаҳавоти ҷисми худ зиндагӣ карда, ҳавасҳои ҷисм ва хаёлотро ба ҷо меовардем ва табиатан, мисли дигарон, фарзандони ғазаб будем.

Нома ба Эфсӯсиён 2:1-3

Ӯ моро на бар тибқи аъмоли одилонае ки мо мекардем, балки ба ҳасби марҳамати Худ наҷот дод, ба василаи ғусли таваллуди дубора ва таҷдиде ки аз Рӯҳулқудс аст. Онро бар мо ба воситаи Исои Масеҳи Наҷотдиҳандаи мо ба фаровонӣ бирехт,

Нома ба Титус 3:5-6

Зеро ки фикрҳои Ман фикрҳои шумо нест, ва роҳҳои шумо роҳҳои Ман нест, — мегӯяд Худованд.

Ишаъё 55:8

Бо зеҳни сунъӣ тарҷума шудааст, аз ҷумла иқтибосҳои Китоби Муқаддас — ҳама гуна истинодро кушоед, то онро дар Китоби Муқаддас 1992, 1999 хонед.

Барои маълумоти муффасал ба адреси электронии мо муроҷиат намоед: [email protected]

Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).

Рӯзҳои охир