Дар Худованд шодии бисьёр мекунам,
ва ҷони ман дар Худои ман ба ваҷд меояд,
зеро ки Ӯ маро либоси наҷот пӯшонидааст,
ва ҷомаи адолат бар дӯшам гузоштааст,
чунон ки домод афсарро мисли коҳине
бар сари худ мениҳад.
ва чунон ки арӯс худро бо зеварҳо оро медиҳад.
Ишаъё 61:10
Таронаи Довуд.
Ба мухолифонам, эй Худованд,
мухолифат намо, ба ҷангҷӯёнам ҷанг кун;
Сипар ва ҷавшан бигир,
ва ба мадади ман бархез;
Ва найзаро бикаш ва пеши роҳи таъқибкунандагони маро бигир;
ба ҷонам бигӯй: «Ман наҷоти ту ҳастам!»
Забур 34:1-3
Эҳсон ва ростӣ мулоқот хоҳанд кард,
адолат ва осоиштагӣ якдигарро хоҳанд бӯсид.
Ростӣ аз замин хоҳад сабзид,
ва адолат аз осмон ба зуҳур хоҳад омад.
Забур 84:11-12
Эй ҷонам, Худовандро муборак бихон.
Худовандо, Худои ман! Бениҳоят бузург ҳастӣ;
шукӯҳ ва шавкат пероҳани Туст.
Забур 103:1
Оё касе аз шумо уқубат мекашад? Бигзор дуо гӯяд. Оё касе шодмон аст? Бигзор таронаи Забурро хонад.
Яъқуб 5:13
Ва масти шароб нашавед, ки аз он фисқу фуҷур ба амал меояд; балки аз Рӯҳ пур шуда,
Ба якдигар бо таронаҳои Забур, мадҳияҳо ва сурудҳои рӯҳонӣ суҳан гӯед ва дар дилҳои худ барои Худованд бисароед ва тараннум намоед,
Ҳамеша барои ҳама чиз Худои Падарро ба исми Худованди мо Исои Масеҳ шукр гӯед,
Нома ба Эфсӯсиён 5:18-20
Бигзор каломи Масеҳ андаруни шумо ба фаровонӣ сокин шавад, ва якдигарро бо таронаҳои Забур, мадҳияҳо ва сурудҳои рӯҳонӣ таълим диҳед ва насиҳат кунед, ва бо файз дар дилҳои худ барои Худованд бисароед.
Нома ба Қӯлассиён 3:16
Дар қарибии нисфи шаб Павлус ва Сило дуо гуфта, Худоро ҳамду сано мехонданд, ва бандиён онҳоро мешуниданд.
Аъмоли Ҳаввориён 16:25
Ҳамеша дар Худованд шод бошед; боз мегӯям: шод бошед.
Нома ба Филиппиён 4:4