То вақте ки рӯз аст, Ман бояд аъмоли Фиристандаи Худро ба ҷо оварам; шаб ки ояд, ҳеҷ кас наметавонад коре бикунад;
Инҷили Юҳанно 9:4
Нури рӯзона
То вақте ки рӯз аст, Ман бояд аъмоли Фиристандаи Худро ба ҷо оварам; шаб ки ояд, ҳеҷ кас наметавонад коре бикунад;
Инҷили Юҳанно 9:4
Ҷони коҳил ҳавас мекунад, ва натиҷае нест; вале ҷони ғайратмандон сер мешавад.
Масалҳо 13:4
Ҷони сахӣ пурфайз мешавад, ва касе ки сероб кунад, худаш низ сероб мегардад.
Масалҳо 11:25
Исо ба онҳо гуфт: «Ғизои Ман он аст, ки иродаи Фиристандаи Худро ба ҷо оварам ва кори Ӯро ба анҷом расонам. „Оё шумо намегӯед, ки боз чор моҳ мондааст, ва дарав фаро хоҳад расид“? Инак, Ман ба шумо мегӯям: чашмони худро боло карда, киштзорро бубинед, ки барои дарав сафед шудааст.
Инҷили Юҳанно 4:34-35
Зеро Малакути Осмон монанди соҳиби хонаест, ки бомдодон берун рафт, то ки барои токзори худ коргаронро киро кунад, Ва бо коргарон рӯзе як динорӣ паймон карда, онҳоро ба токзори худ фиристод.
Инҷили Матто 20:1-2
preach the word; be urgent in season and out of season; reprove, rebuke, and exhort, with all patience and teaching.
2 Timothy 4:2
Ва даҳ нафар ғуломонашро даъват намуда, ба онҳо даҳ мино дод ва ба онҳо гуфт: „Бо ин пул то вақти гашта омаданам доду муомила кунед“.
Инҷили Луқо 19:13
Аммо ба файзи Худо он чи ҳастам, ҳастам; ва файзи Ӯ дар ман бар абас набуд, лекин ман аз ҳамаи онҳо зиёдтар меҳнат кардам; аммо на ман, балки файзи Худо, ки бо ман аст.
1 ба Қӯринтиён 15:10
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
23 Авг 2026
Jeremiah 31:3
22 Авг 2026
Romans 14:7-8
21 Авг 2026
Psalms 119:57
20 Авг 2026
Numbers 23:19
19 Авг 2026
1 Peter 1:15
18 Авг 2026
Deuteronomy 3:24
17 Авг 2026
James 5:16