Шахси дудила дар ҳамаи роҳҳои худ ноустувор аст.
Яъқуб 1:8
Нури рӯзона
Шахси дудила дар ҳамаи роҳҳои худ ноустувор аст.
Яъқуб 1:8
Лекин Исо ба вай гуфт: «Касе ки дасташро болои амоч монда бошад ва ба ақиб нигоҳ кунад, ба Малакути Худо лоиқ нест».
Инҷили Луқо 9:62
Аммо бе имон ба назари Худо писанд омадан мумкин нест; зеро ҳар кӣ сӯи Худо меояд, бояд имон дошта бошад, ки Ӯ ҳаст, ва ба толибони Худ мукофот хоҳад дод.
ба Ибриён 11:6
Валекин бигзор бо имон талаб кунад ва ҳеҷ шакку шубҳа надошта бошад, чунки шаккок ба мавҷи баҳр монанд аст, ки аз шамол баланд шуда, ҷавлон мекунад: Бигзор чунин кас гумон накунад, ки аз Худованд чизе ба даст хоҳад овард.
Яъқуб 1:6-7
Бинобар ин ба шумо мегӯям: ҳар чӣ дар дуо хоҳиш мекунед, яқин бидонед, ки онро пайдо хоҳед кард, — ва ба шумо ато хоҳад шуд.
Инҷили Марқӯс 11:24
То ки мо дигар кӯдаконе набошем, ки бо боди ҳар таълим калавонида ва ронда мешаванд, аз найрангбозии одамон, ки бо талбис дар иштибоҳ андохта, гумроҳ мекунад, Балки дар муҳаббат ростиро баён намуда, мо дар ҳар чиз ба Он ки Сар аст, яъне ба Масеҳ нумӯ ёбем.
Нома ба Эфсӯсиён 4:14-15
Дар Ман бимонед, ва Ман дар шумо. Чӣ тавре ки навда наметавонад худ аз худ мева диҳад, агар дар ток намонад, ҳамчунин шумо низ, агар дар Ман намонед.
Инҷили Юҳанно 15:4
Хуллас, эй бародарони маҳбуби ман, матину устувор бошед, ҳамеша дар кори Худованд ҷадал намоед, ва бидонед, ки меҳнати шумо пеши Худованд бар абас нест.
1 ба Қӯринтиён 15:58
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
14 Сен 2026
Isaiah 51:12
13 Сен 2026
John 7:37
12 Сен 2026
Isaiah 57:18
11 Сен 2026
Romans 12:2
10 Сен 2026
Jeremiah 32:9
9 Сен 2026
Luke 1:53
8 Сен 2026
Daniel 5:27