Панҷшанбе, 17 Сентябр 2026

Нури рӯзона

17 Сен 2026

Бигзор бар ӯ таҳлукаи ногаҳоние биёяд, ва доме ки пинҳон кардааст, худи ӯро бигирад; дар торикӣ дар он фурӯ ғалтад.

Забур 34:8

Чун сардор оби ба шароб мубаддалшударо чашид ва надонист, ки аз куҷост, зеро фақат хизматгороне ки обро кашида буданд, медонистанд, ва сардор домодро хонда, Ба вай гуфт: «Ҳар кас аввал шароби хубро медиҳад, ва чун маст шуданд, бадашро меоварад, лекин ту шароби хубро то ҳол нигоҳ доштаӣ».

Инҷили Юҳанно 2:9-10

Зеро ки гӯш суханонро месанҷад, чунон ки ком таъми хӯрокро фарқ мекунад.

Айюб 34:3

Аммо азбаски ҳамон рӯҳи имонро дорем, чунон ки навишта шудааст: «Имон доштам, бинобар ин мегуфтам», мо низ имон дорем, бинобар ин мегӯем,

2 ба Қӯринтиён 4:13

For this cause I also suffer these things. Yet I am not ashamed, for I know him whom I have believed, and I am persuaded that he is able to guard that which I have committed to him against that day.

2 Timothy 1:12

Чунон ки дарахти себ дар миёни дарахтони ҷангал аст, ончунон маҳбуби ман дар миёни амрадон аст; дар сояи ӯ бо иштиёқ нишастам, ва меваи ӯ барои коми ман ширин аст.

Суруди Сурудҳо 2:3

Ё ки ту ба фаровонии меҳрубонӣ, ҳилм ва пурсабрии Ӯ беэътиноӣ мекунӣ, бехабар аз он ки меҳрубонии Худо туро ба роҳи тавба ҳидоят менамояд?

Нома ба Румиён 2:4

Он Худое ки Писари Худро дареғ надоштааст, балки Ӯро барои ҳамаи мо таслим кардааст, чӣ гуна бо якҷоягии Ӯ ҳама чизро ба мо намебахшад?

Нома ба Румиён 8:32

Чун кӯдакони навзод муштоқи шири поки калом бошед, то ки аз он барои наҷот нашъунамо ёбед, Агар ҳақиқатан чашидаед, ки Худованд некӯст.

1 Петрус 2:2-3

Онҳоро, эй Худованд, маҳкум намо, то ки аз қасдҳои бади худ фурӯ ғалтанд; ба сабаби ҷиноятҳои бисьёрашон онҳоро рад намо, зеро ки бар зидди Ту ба шӯр омадаанд.

Забур 5:11

Бо зеҳни сунъӣ тарҷума шудааст, аз ҷумла иқтибосҳои Китоби Муқаддас — ҳама гуна истинодро кушоед, то онро дар Китоби Муқаддас 1992, 1999 хонед.

Барои маълумоти муффасал ба адреси электронии мо муроҷиат намоед: [email protected]

Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).

Рӯзҳои охир