Панҷшанбе, 7 Август 2025

Нури рӯзона

7 Авг 2025

Лекин Пуштибон, яъне Рӯҳулқудс, ки Падар Ӯро ба исми Ман хоҳад фиристод, ҳама чизро ба шумо таълим хоҳад дод ва ҳар чиро, ки ба шумо гуфтам, ба ёди шумо хоҳад овард.

Инҷили Юҳанно 14:26

Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Агар атои Худоро медонистӣ, ва кист, ки ба ту мегӯяд: „Ба Ман барои нӯшидан об деҳ“, холо худат аз Ӯ хоҳиш мекардӣ, ва Ӯ ба ту оби ҳаёт медод».

Инҷили Юҳанно 4:10

Пас, агар шумо, ки шарир ҳастед, ба фарзандони худ додани инъомҳои некро медониста бошед, пас Падари шумо, ки дар осмон аст, чанд маротиба зиёдтар ба онҳое ки аз ӯ металабанд, Рӯҳулқудсро хоҳад дод».

Инҷили Луқо 11:13

Ва дар он рӯз аз Ман чизе нахоҳед пурсид. Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар он чи аз Падар ба исми Ман талаб кунед, ба шумо ато хоҳад кард. То кунун ба исми Ман чизе талаб накардаед; талаб кунед, то бигиред, ва шодии шумо комил гардад.

Инҷили Юҳанно 16:23-24

Ҳавас мекунед — ва надоред; мекушед ва ҳасад мебаред — ва наметавонед ба даст оваред; муноқиша ва адоват мекунед — ва надоред, чунки илтимос намекунед;

Яъқуб 4:2

Лекин чун Ӯ, яъне Рӯҳи ростӣ ояд, шуморо ба тамоми ростӣ раҳнамоӣ ҳоҳад кард; зеро ки аз Худ нахоҳад гуфт, балки ҳар чи мешунавад, онро хоҳад гуфт, ва аз воқеоти оянда ба шумо ҳабар хоҳад дод. Ӯ Маро ҷалол хоҳад дод, чунки аз он чи аз они Ман аст, гирифта, ба шумо ҳабар ҳоҳад дод.

Инҷили Юҳанно 16:13-14

Валекин онҳо беитоатӣ намуда, Рӯҳулқудси Ӯро маҳзун мекарданд, ва Ӯ душмани онҳо гашта, ба муқобили онҳо меҷангид.

Ишаъё 63:10

Бо зеҳни сунъӣ тарҷума шудааст, аз ҷумла иқтибосҳои Китоби Муқаддас — ҳама гуна истинодро кушоед, то онро дар Китоби Муқаддас 1992, 1999 хонед.

Барои маълумоти муффасал ба адреси электронии мо муроҷиат намоед: [email protected]

Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).

Рӯзҳои охир