Вале тариқи одилон мисли нури саҳар аст, ки то нимирӯзӣ торафт бештар медурахшад.
Масалҳо 4:18
Нури рӯзона
Вале тариқи одилон мисли нури саҳар аст, ки то нимирӯзӣ торафт бештар медурахшад.
Масалҳо 4:18
На ин ки аллакай расида бошам, ё комил шуда бошам, балки саъю кӯшиш менамоям, ки шояд ман ҳам бирасам, чунон ки Исои Масеҳ ба ман расидааст.
Нома ба Филиппиён 3:12
Ва Худовандро хоҳем шинохт ва барои шинохтани Ӯ ҷидду ҷаҳд хоҳем кард; зуҳури Ӯ мисли шафақи субҳ аст, ва Ӯ назди мо мисли борон, мисли борони охири баҳор, ки заминро сероб мекунад, хоҳад омад».
Ҳушаъ 6:3
Он гох одилон дар Малакути Падари худ чун офтоб дурахшон хоҳанд шуд. Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бишнавад!
Инҷили Матто 13:43
Аммо ҳамаи мо, бо рӯи кушода, мисли он ки дар оина бошад, ба ҷалоли Худованд нигариста, ба ҳамон сурат аз ҷалол ба ҷалол табдил меёбем, ва ин аз Худованд, яъне аз Рӯҳ аст.
2 ба Қӯринтиён 3:18
Аммо вақте ки камол меояд, он чи ҷузъӣ буд, хотима меёбад.
1 ба Қӯринтиён 13:10
Зеро ки мо ҳоло дар оина, ба таври муаммо мебинем, лекин он вақт рӯ ба рӯ хоҳем дид; ҳоло ман ба таври ҷузъӣ медонам, лекин он вақт хоҳам донист ба монанди он ки худам низ дониста шудаам.
1 ба Қӯринтиён 13:12
Эй маҳбубон! Мо акнун фарзандони Худо ҳастем, вале ҳанӯз маълум нашудааст он чи хоҳем буд. Фақат ҳамин қадарашро медонем, ки дар вақти зоҳир шуданаш монанди Ӯ хоҳем буд, зеро Ӯро, чунон ки ҳаст, хоҳем дид. Ва ҳар кӣ аз Ӯ чунин умед дорад, худро пок менамояд, чунон ки Ӯ пок аст.
1 Юҳанно 3:2-3
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
7 Авг 2025
John 14:26
6 Авг 2025
Proverbs 3:12
5 Авг 2025
Romans 6:4
4 Авг 2025
John 19:30
3 Авг 2025
Luke 1:50
2 Авг 2025
Revelation 13:8
1 Авг 2025
Ephesians 2:8