«Маро бишнавед, эй муштоқони адлу инсоф, эй толибони Худованд! Ба сахрае ки аз он канда шудаед, ва ба умқи ҳафрае ки аз он берун оварда шудаед, назар андозед.
Ишаъё 51:1
Нури рӯзона
«Маро бишнавед, эй муштоқони адлу инсоф, эй толибони Худованд! Ба сахрае ки аз он канда шудаед, ва ба умқи ҳафрае ки аз он берун оварда шудаед, назар андозед.
Ишаъё 51:1
Бадиро аз некӣ бештар дӯст медорӣ, ва дурӯғро аз ҳақгӯӣ бештар. Село.
Забур 51:5
Чашме бар ту нигоҳубин накард, то ки ба ту дилсӯзӣ намуда, яке аз ин корҳоро барои ту ба ҷо оварад; балки дар рӯзе ки ту зоида шудӣ, аз ҳаёти ту нафрат карда, туро бар рӯи саҳро партофтанд. Ва Ман аз пешат гузар карда, туро дар хунҳоят ҷӯлида дидам, ва ба ту гуфтам: „Дар хунҳоят зинда бимон!“ Ва ба ту гуфтам: „Дар хунҳоят зинда бимон!“
Ҳизқиёл 16:5-6
Хушо касе ки ба бенаво эътибор медиҳад! Дар рӯзи мусибат Худованд ӯро раҳо хоҳад кард. Худованд ӯро нигаҳбонӣ хоҳад кард ва зинда хоҳад мононд, ва ӯ дар замин хушбахт хоҳад буд. Ва Ту ӯро ба дасти душманонаш нахоҳӣ супурд.
Забур 40:2-3
Зеро ки Масеҳ, ҳангоме ки мо ҳанӯз суст будем, дар вақти муқарраршуда барои осиён мурд. Зеро гумон намеравад, ки касе барои одиле бимирад, вале эҳтимол дорад, ки барои ягон некӯкоре касе ба мурдан ҷуръат кунад. Лекин Худо муҳаббати Худро нисбат ба мо бо ҳамин исбот мекунад, ки ҳангоме ки ҳанӯз гуноҳкор будем, Масеҳ барои мо мурд.
Нома ба Румиён 5:6-8
Аммо Худои пур аз марҳамат, бар тибқи муҳаббати бузурге ки ба мо дорад, Моро, агарчи аз рӯи хатоҳо мурда будем, бо Масеҳ зинда кард, — бо файз шумо наҷот ёфтаед, —
Нома ба Эфсӯсиён 2:4-5
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
24 Авг 2025
Exodus 3:7
23 Авг 2025
Jeremiah 31:3
22 Авг 2025
Romans 14:7-8
21 Авг 2025
Psalms 119:57
20 Авг 2025
Numbers 23:19
19 Авг 2025
1 Peter 1:15
18 Авг 2025
Deuteronomy 3:24