Ва лавҳае аз тиллои холис бисоз, ва бар он, мисли ҳакки мӯҳр, чунин ҳак намо: „Муқаддас аст барои Худованд“.
Хуруҷ 28:36
Нури рӯзона
Ва лавҳае аз тиллои холис бисоз, ва бар он, мисли ҳакки мӯҳр, чунин ҳак намо: „Муқаддас аст барои Худованд“.
Хуруҷ 28:36
Осоиштагиро бо ҳама пеша кунед ва қудсиятро толиб бошед, ки бе он ҳеҷ кас Худовандро нахоҳад дид,
ба Ибриён 12:14
Худо рӯҳ аст, ва онҳое ки Ӯро парастиш мекунанд, бояд ба рӯҳ ва ростӣ парастиш кунанд».
Инҷили Юҳанно 4:24
Ва ҳамаамон мисли палиде гардидаем, ва тамоми адолати мо мисли либоси чиркин аст; ва ҳамаамон мисли барг пажмурда шудаем, ва гуноҳҳоямон мисли боде моро бардошта мебарад.
Ишаъё 64:6
Ва Мусо ба Ҳорун гуфт: «Ин аст он чи Худованд сухан ронда, гуфтааст: „Ба воситаи наздиконам қудсияти Худро зоҳир хоҳам сохт, ва дар назари тамоми қавм ҷалол хоҳам ёфт“». Ва Ҳорун хомӯш монд.
Ибодат 10:3
Ин аст қонуни маъбад: бар сари кӯҳ тамоми ҳудуди он гирдогирд қудси қудсҳо мебошад; ана ҳамин аст қонуни маъбад».
Ҳизқиёл 43:12
Қавми Туро, эй Худованд, поймол месозанд, ва бар мероси Ту зулм мекунанд.
Забур 93:5
Ва Худро барои онҳо тақдис мекунам, то ки онҳо низ бо ростӣ тақдис карда шаванд.
Инҷили Юҳанно 17:19
Пас мо, ки чунин Саркоҳини бузурге дорем, ки афлокро тай намудааст, ва Ӯ Масеҳи Писари Худост, эътирофи худро боматонат нигоҳ дорем.
ба Ибриён 4:14
Бинобар ин бо ҷуръат ба тахти файз наздик оем, то ки марҳамат ба даст оварем ва барои мадади саридарвақт файз ёбем.
ба Ибриён 4:16
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
25 Авг 2025
Isaiah 51:1
24 Авг 2025
Exodus 3:7
23 Авг 2025
Jeremiah 31:3
22 Авг 2025
Romans 14:7-8
21 Авг 2025
Psalms 119:57
20 Авг 2025
Numbers 23:19
19 Авг 2025
1 Peter 1:15