Чоршанбе, 27 Август 2025

Нури рӯзона

27 Авг 2025

Your word is a lamp to my feet, and a light for my path.

Psalms 119:105

Худовандро мамдӯҳ хоҳам хонд, ва аз душманонам наҷот хоҳам ёфт. Камандҳои мамот бар ман печида буд, ва селобҳои мӯҳлик маро ба ҳарос андохта буд;

Забур 17:4-5

Вақте ки роҳ равӣ, ба ту роҳнамоӣ хоҳад кард; вақте ки хоб равӣ, туро нигаҳбонӣ хоҳад кард; вақте ки бедор шавӣ, бо ту мусоҳиба хоҳад кард, Зеро ки ҳукм чароғ аст, ва таълим нур аст, ва насоеҳи адабомӯз роҳи ҳаёт аст,

Масалҳо 6:22-23

Ва гӯшҳотон суханеро аз қафои шумо хоҳад шунид, ки мегӯяд: «Роҳ ин аст, бо он биравед», вақте ки ба тарафи рост ё чап майл кунед.

Ишаъё 30:21

Ва Исо боз ба мардум гуфт: «Ман нури ҷаҳон ҳастам; ҳар кӣ Маро пайравӣ кунад, дар торикӣ роҳ напаймояд, балки нури ҳаётро ёбад».

Инҷили Юҳанно 8:12

Ва каломи нубувват барои мо матонати бештаре дорад; шумо хуб мекунед, ки ба он рӯ меоваред, ҳамчун ба чароғе ки дар ҷои торик нур мепошад, то даме ки чашми рӯз кушода шуда, ситораи субҳ дар дилҳои шумо тулӯъ намояд;

2 Петрус 1:19

Зеро ки мо ҳоло дар оина, ба таври муаммо мебинем, лекин он вақт рӯ ба рӯ хоҳем дид; ҳоло ман ба таври ҷузъӣ медонам, лекин он вақт хоҳам донист ба монанди он ки худам низ дониста шудаам.

1 ба Қӯринтиён 13:12

Ва шаб дигар нахоҳад буд, ва онҳо ба чароғ ва рӯшноии офтоб эҳтиёҷ нахоҳанд дошт, зеро ки Худованд Худо ба онҳо рӯшноӣ мебахшад; ва то абад салтанат хоҳанд ронд.

Ваҳй Юҳанно 22:5

Бо зеҳни сунъӣ тарҷума шудааст, аз ҷумла иқтибосҳои Китоби Муқаддас — ҳама гуна истинодро кушоед, то онро дар Китоби Муқаддас 1992, 1999 хонед.

Барои маълумоти муффасал ба адреси электронии мо муроҷиат намоед: [email protected]

Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).

Рӯзҳои охир