Ва чун подшоҳ Эстери маликаро дид, ки дар саҳн истодааст, вай дар назари ӯ илтифот пайдо кард, ва подшоҳ чӯбдасти тиллоро, ки дар дасташ буд, сӯи Эстер дароз кард, ва Эстер наздик омада, нӯги чӯбдастро ламс намуд.
Эстер 5:2
Нури рӯзона
Ва чун подшоҳ Эстери маликаро дид, ки дар саҳн истодааст, вай дар назари ӯ илтифот пайдо кард, ва подшоҳ чӯбдасти тиллоро, ки дар дасташ буд, сӯи Эстер дароз кард, ва Эстер наздик омада, нӯги чӯбдастро ламс намуд.
Эстер 5:2
Зеро ки он ягона пӯшоки вай аст, либосе барои бадани вай аст; пас, вай чӣ пӯшида хоб равад? Ва агар вай сӯи Ман нола кунад, — Ман хоҳам шунид, зеро ки Ман карим ҳастам.
Хуруҷ 22:27
Ва мо муҳаббатеро, ки Худо ба мо дорад, медонем ва ба он эътимод дорем. Худо муҳаббат аст, ва ҳар кӣ дар муҳаббат сокин аст, вай дар Худо сокин аст, ва Худо дар вай. Муҳаббат дар мо чунон ба камол расидааст, ки мо дар рӯзи доварӣ ҷуръат дорем, зеро, чунон ки Ӯ дар ин ҷаҳон ҳаст, ончунон мо ҳастем. Дар муҳаббат ҳаросе нест, балки муҳаббати комил ҳаросро бадар меронад, чунки ҳарос азоб дорад, ва касе ки меҳаросад, дар муҳаббат комил нест. Мо Ӯро дӯст медорем, чунки аввал Ӯ моро дӯст дошт.
1 Юҳанно 4:16-19
Пас бо дили соф ва бо имони комил, дилҳои худро ба воситаи пошидан аз виҷдони шарири мо татҳир намуда ва ҷисми худро дар оби пок ғусл дода, наздик оем,
ба Ибриён 10:22
Зеро ба воситаи Ӯ ҳар дуи мо иҷозат дорем, ки дар як Рӯҳ ба Падар наздик шавем.
Нома ба Эфсӯсиён 2:18
Ки ба василаи Ӯ ва ба воситаи имони мо ба Ӯ иҷозат дорем бо ҷасорату эътимод наздик шавем.
Нома ба Эфсӯсиён 3:12
Бинобар ин бо ҷуръат ба тахти файз наздик оем, то ки марҳамат ба даст оварем ва барои мадади саридарвақт файз ёбем.
ба Ибриён 4:16
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
29 Авг 2025
Proverbs 16:20
28 Авг 2025
Revelation 12:10
27 Авг 2025
Psalms 119:105
26 Авг 2025
Exodus 28:36
25 Авг 2025
Isaiah 51:1
24 Авг 2025
Exodus 3:7
23 Авг 2025
Jeremiah 31:3