Касе ки дар корҳояш эҳтиёт кунад, файз меёбад, ва хушо касе ки ба Худованд таваккал мекунад!
Масалҳо 16:20
Нури рӯзона
Касе ки дар корҳояш эҳтиёт кунад, файз меёбад, ва хушо касе ки ба Худованд таваккал мекунад!
Масалҳо 16:20
Ва ба ваъдаи Худо аз беимонӣ шубҳа накард, балки дар имонаш устувор истода, Худоро ҳамду сано хонд, Ва боварии комил дошт, ки Ӯ ба иҷрои ваъдаи Худ низ қодир аст.
Нома ба Румиён 4:20-21
Ва банӣ‐Исроил он вақт мағлуб шуданд, ва банӣ‐Яҳудо ғолиб омаданд, зеро ки ба Худованд Худои падарони худ таваккал карданд.
2 Вақоеънома 13:18
Барои сардори муғанниён. Таронаи банӣ‐Қӯраҳ. Эй ҳамаи қавмҳо, каф занед! Ба Худо бо овози тараннум бонг занед!
Забур 46:1-2
Фароизи Туро нигоҳ хоҳам дошт; маро тамоман тарк накун. Ба чӣ васила ҷавон роҳи худро покиза медорад? Бо нигоҳ доштани худ мувофиқи каломи Ту.
Забур 118:8-9
Ба мадади ман шитоб кун, эй Худованд, эй наҷоти ман!
Забур 37:23-24
Бигзор бар ӯ таҳлукаи ногаҳоние биёяд, ва доме ки пинҳон кардааст, худи ӯро бигирад; дар торикӣ дар он фурӯ ғалтад. Валекин ҷонам дар Худованд хурсандӣ хоҳад кард; дар наҷоти Ӯ шод хоҳам шуд.
Забур 34:8-9
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
28 Авг 2025
Revelation 12:10
27 Авг 2025
Psalms 119:105
26 Авг 2025
Exodus 28:36
25 Авг 2025
Isaiah 51:1
24 Авг 2025
Exodus 3:7
23 Авг 2025
Jeremiah 31:3
22 Авг 2025
Romans 14:7-8