Гуруснагонро аз неъматҳо пур кард, ва сарватдоронро тиҳидаст фиристод;
Инҷили Луқо 1:53
Нури рӯзона
Гуруснагонро аз неъматҳо пур кард, ва сарватдоронро тиҳидаст фиристод;
Инҷили Луқо 1:53
Зеро ки ту мегӯӣ: «Ман сарватдор ҳастам, сарват ғун кардаам ва ба ҳеҷ чиз эҳтиёҷ надорам»; аммо намедонӣ, ки ту бадбахт ва ҳақир ва мискин ва нобино ва бараҳна ҳастӣ. Ба ту маслиҳат медиҳам, ки аз Ман тиллои дар оташ сурхшударо бихарӣ, то ки сарватдор шавӣ; ва либоси сафедро, то ки бипӯшӣ, ва расвоии бараҳнагии ту аён нашавад; ва сурмаро, то ки ба чашмони худ кашида, бино шавӣ. Ҳар киро Ман дӯст дорам, мазаммат мекунам ва ҷазо медиҳам. Пас ғаюр бош ва тавба кун.
Ваҳй Юҳанно 3:17-19
Хушо гуруснагон ва ташнагони адолат, зеро ки онҳо сер хоҳанд шуд.
Инҷили Матто 5:6
Бенавоён ва мискинон об металабанд, вале нест: Забонашон аз ташнагӣ хушк мешавад. Ман, ки Худованд ҳастам, онҳоро иҷобат хоҳам намуд. Ман, ки Худои Исроил ҳастам, онҳоро тарк нахоҳам кард.
Ишаъё 41:17
I am Yahweh, your God, who brought you up out of the land of Egypt. Open your mouth wide, and I will fill it.
Psalms 81:10
Чаро нуқраро барои он чи нон нест, ва меҳнати худро барои он чи сер намекунад, сарф менамоед? Маро бодиққат бишнавед, ва чизҳои хубро бихӯред, то ки ҷони шумо аз фаровонӣ лаззат барад.
Ишаъё 55:2
Исо ба онҳо гуфт: «Ман нони ҳаёт ҳастам; касе ки назди Ман ояд, ҳаргиз гурусна нахоҳад монд, ва касе ки ба Ман имон оварад, ҳаргиз ташна нахоҳад монд.
Инҷили Юҳанно 6:35
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
8 Сен 2025
Daniel 5:27
7 Сен 2025
Romans 12:12
6 Сен 2025
Lamentations 3:41
5 Сен 2025
1 Corinthians 12:12
4 Сен 2025
Ruth 3:18
3 Сен 2025
Exodus 13:7
2 Сен 2025
Psalms 27:14