Худро ба ин дуньё ҳамшакл насозед, балки ба воситаи таҷдиди ақлатон шакли тозае ба худ бигиред, то дарк кунед, ки иродаи нек, писандида ва комили Худо чист.
Нома ба Румиён 12:2
Нури рӯзона
Худро ба ин дуньё ҳамшакл насозед, балки ба воситаи таҷдиди ақлатон шакли тозае ба худ бигиред, то дарк кунед, ки иродаи нек, писандида ва комили Худо чист.
Нома ба Румиён 12:2
Аксариятро дар роҳи бадкорӣ пайравӣ накун, ва дар мурофиа бар хилофи виҷдони худ шаҳодат надеҳ, то ки моил ба аксарият шуда, ба каҷкорӣ сабаб гардӣ.
Хуруҷ 23:2
Эй зинокорон! Оё намедонед, ки дӯстӣ бо дуньё душманӣ бо Худост? Пас, касе ки мехоҳад дӯсти дуньё бошад, душмани Худо мегардад.
Яъқуб 4:4
Зери юғи бегона бо якҷоягии беимонон сар хам накунед. Зеро ки адолат бо шарорат чӣ алоқае дорад? Ва нур бо зулмот чӣ умумияте дорад? Масеҳ бо блияал чӣ созгорӣ дорад? Ё имондор бо беимон чӣ ширкате дорад? Ва маъбади Худо бо бутҳо чӣ мувофиқат дорад? Зеро ки шумо маъбади Худои Ҳай ҳастед, чунон ки Худо гуфтааст: «Андаруни онҳо сокин шуда, дар миёни онҳо роҳ хоҳам рафт; ва Худои онҳо хоҳам буд, ва онҳо қавми Ман хоҳанд буд.
2 ба Қӯринтиён 6:14-16
Ҷаҳонро дӯст надоред, на он чиро, ки дар ҷаҳон аст: касе ки ҷаҳонро дӯст медорад, дар вай муҳаббати Падар нест;
1 Юҳанно 2:15
Ва ҷаҳон бо ҳавасҳояш гузарон аст, аммо касе ки иродаи Худоро ба ҷо меоварад, то абад боқист.
1 Юҳанно 2:17
Дар онҳо шумо мувофиқи давраи ин олам ва иродаи мире ки дар ҳаво ҳукмрон аст, яъне он рӯҳе ки ҳоло дар писарони исьён амал мекунад, зиндагӣ мекардед.
Нома ба Эфсӯсиён 2:2
Вале шумо Масеҳро ин тавр ёд нагирифтед, Дар сурате ки дар бораи Ӯ шунидаед ва дар Ӯ таълим гирифтаед, — ба ҳасби ростие ки дар Исост, —
Нома ба Эфсӯсиён 4:20-21
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
10 Сен 2025
Jeremiah 32:9
9 Сен 2025
Luke 1:53
8 Сен 2025
Daniel 5:27
7 Сен 2025
Romans 12:12
6 Сен 2025
Lamentations 3:41
5 Сен 2025
1 Corinthians 12:12
4 Сен 2025
Ruth 3:18