Шанбе, 4 Октябр 2025

Нури рӯзона

4 Окт 2025

Ва ҳангоме ки Мусо аз кӯҳи Сино фурӯд меомад, — ва ду лавҳи шаҳодат дар дасти Мусо буд, вақте ки ӯ аз кӯҳ фурӯд меомад, — Мусо надонист, ки пӯсти чеҳрааш, ба сабаби гуфтугӯи Худо бо ӯ, медурахшид.

Хуруҷ 34:29

Имон доштам, бинобар ин мегуфтам: «Ман бағоят уқубат кашидаам».

Забур 115:1

Он гоҳ одилон дар ҷавоб хоҳанд гуфт: „Худовандо! Кай Туро гурусна дидему хӯрок додем? Ё ташна дидему об додем?

Инҷили Матто 25:37

Аз рӯи рақобат ё шӯҳратпарастӣ ҳеҷ коре накунед, балки бо фурӯтанӣ якдигарро аз худ авло донед,

Нома ба Филиппиён 2:3

Ҳамчунин шумо, эй ҷавонон, ба пирон итоат намоед; ва ҳамаатон, ба якдигар итоат намуда, фурӯтаниро дар бар кунед, чунки Худо ба мағрурон муқобилат мекунад, вале ба фурӯтанон файз мебахшад.

1 Петрус 5:5

Ва дар пеши назари онҳо дигаргун шуд: чеҳрааш чун офтоб дурахшид, ва либосаш чун нур сафед гардид.

Инҷили Матто 17:2

Ҳамаи касоне ки дар шӯрои пирон нишаста буданд, бар ӯ назар андохта, диданд, ки чеҳраи ӯ монанди чеҳраи фаришта буд.

Аъмоли Ҳаввориён 6:15

Ва Ман ҷалолеро, ки ба Ман додаӣ, ба онҳо додаам: то ки як бошанд, чунон ки Мо як ҳастем.

Инҷили Юҳанно 17:22

Аммо ҳамаи мо, бо рӯи кушода, мисли он ки дар оина бошад, ба ҷалоли Худованд нигариста, ба ҳамон сурат аз ҷалол ба ҷалол табдил меёбем, ва ин аз Худованд, яъне аз Рӯҳ аст.

2 ба Қӯринтиён 3:18

Шумо нури ҷаҳон ҳастед. Шаҳре ки бар фарози кӯҳ воқеъ аст, наметавонад аз назар пинҳон шавад. Шамъро низ даргиронда, на дар зери зарфе, балки бар шамъдон мегузоранд, ва он гоҳ ба ҳама касоне ки дар хонаанд, рӯшноӣ медиҳад.

Инҷили Матто 5:14-15

Бо зеҳни сунъӣ тарҷума шудааст, аз ҷумла иқтибосҳои Китоби Муқаддас — ҳама гуна истинодро кушоед, то онро дар Китоби Муқаддас 1992, 1999 хонед.

Барои маълумоти муффасал ба адреси электронии мо муроҷиат намоед: [email protected]

Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).

Рӯзҳои охир