Ва аз ҷониби Исои Масеҳ, ки шоҳиди амин, Нахустзода аз мурдагон ва Фармонфармои подшоҳони замин аст. Ӯро, ки моро дӯст медорад, ва моро аз гуноҳҳоямон бо Хуни Худ халосӣ дод,
Ваҳй Юҳанно 1:5
Нури рӯзона
Ва аз ҷониби Исои Масеҳ, ки шоҳиди амин, Нахустзода аз мурдагон ва Фармонфармои подшоҳони замин аст. Ӯро, ки моро дӯст медорад, ва моро аз гуноҳҳоямон бо Хуни Худ халосӣ дод,
Ваҳй Юҳанно 1:5
Обҳои бисьёр наметавонад муҳаббатро хомӯш кунад, ва наҳрҳо наметавонад онро фурӯ нишонад. Агар касе тамоми сарвати хонаи худро барои муҳаббат бидиҳад, аз ӯ албатта нафрат хоҳанд кард.
Суруди Сурудҳо 8:7
Маро мисли мӯҳре бар дили худ, мисли мӯҳре бар бозуи худ бигузор; зеро ки муҳаббат мисли марг пурзӯр аст, ва рашки он мисли дӯзах бераҳм аст; барқҳои он барқҳои оташ аст, алангаи илоҳист.
Суруди Сурудҳо 8:6
Касе муҳаббати бузургтар аз ин надорад, ки ҷони худро барои дӯстони худ фидо кунад.
Инҷили Юҳанно 15:13
Ӯ шахсан гуноҳҳои моро дар Бадани Худ ба дор бардошт, то ки мо аз гуноҳҳо фориғ шуда, барои адолат зиндагӣ кунем: шумо аз ҷароҳатҳои Ӯ шифо ёфтед.
1 Петрус 2:24
Дар Ӯ мо бо Хуни Ӯ фидияе ва омурзиши гуноҳҳоро бар ҳасби сарвати файзи Ӯ пайдо кардаем,
Нома ба Эфсӯсиён 1:7
Ва баъзе аз шумо чунин будед; аммо пок шудед, аммо қудсият пайдо кардед, аммо сафед шудед ба исми Худованди мо Исои Масеҳ ва ба Рӯҳи Худои мо.
1 ба Қӯринтиён 6:11
Лекин шумо насли баргузида, каҳонати шоҳона, халқи муқаддас, қавме ҳастед, ки мулки азизи Худо дониста шудаед, то аз камолоти Ӯ, ки шуморо аз зулмот ба рӯшноии аҷоиби Худ даъват намудааст, нақл кунед, —
1 Петрус 2:9
Пас, шуморо, эй бародарон, ба марҳамати Худо даъват менамоям, ки ҷисмҳои худро ҳамчун қурбонии зинда, муқаддас ва писандидаи Худо тақдим кунед: ибодати оқилонаи шумо ҳамин хоҳад буд;
Нома ба Румиён 12:1
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
2 Окт 2025
Leviticus 16:22
1 Окт 2025
Galatians 5:22-23
30 Сен 2025
Job 23:10
29 Сен 2025
1 John 3:16
28 Сен 2025
Numbers 6:27
27 Сен 2025
1 Peter 5:6
26 Сен 2025
Deuteronomy 32:4