Ва овозе шунидам мисли овози издиҳоми бузург, мисли шувваси обҳои бисьёр, мисли садои раъдҳои пурзӯр, ки мегуфтанд: «Ҳалелуёҳ! Зеро ки Худованд Худои Қодири Мутлақ бар таҳти салтанат нишастааст.
Ваҳй Юҳанно 19:6
Нури рӯзона
Ва овозе шунидам мисли овози издиҳоми бузург, мисли шувваси обҳои бисьёр, мисли садои раъдҳои пурзӯр, ки мегуфтанд: «Ҳалелуёҳ! Зеро ки Худованд Худои Қодири Мутлақ бар таҳти салтанат нишастааст.
Ваҳй Юҳанно 19:6
«Медонам, ки ҳар кор аз дасти Ту меояд, ва нияти Туро боздоштан мумкин нест.
Айюб 42:2
Гуфт: «Он чи барои одамон ғайриимкон аст, барои Худо имконпазир аст».
Инҷили Луқо 18:27
All the inhabitants of the earth are reputed as nothing; and he does according to his will in the army of heaven, and among the inhabitants of the earth; and no one can stop his hand, or ask him, “What are you doing?”
Daniel 4:35
Аз имрӯз низ Ман ҳамонам, ва касе нест, ки аз дасти Ман раҳо кунад: Ман амал хоҳам кард, ва кист, ки инро ботил намояд?»
Ишаъё 43:13
Ва гуфт: «Аббо, Падарам! Ҳама чиз назди Ту мумкин аст; ин косаро аз Ман бигзарон; лекин на бо хоҳиши Ман, балки бо иродаи Ту».
Инҷили Марқӯс 14:36
Ва чун ба хона расид, кӯрон назди Ӯ даромаданд. Исо ба онҳо гуфт: «Оё имон доред, ки Ман ин корро карда метавонам?» Онҳо ба Ӯ гуфтанд: «Оре, Худовандо!» Он гоҳ чашмони онҳоро ламс карда, гуфт: «Мувофиқи имонатон ба шумо бишавад».
Инҷили Матто 9:28-29
Ва инак, махавие наздик омада, назди Ӯ зону зад ва гуфт: «Худовандо! Агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок кунӣ». Ва Исо дасти Худро дароз карда, вайро ламс намуд ва гуфт: «Меҳоҳам, пок шав». Ва дарҳол вай аз махав пок шуд.
Инҷили Матто 8:2-3
Зеро ки кӯдаке барои мо таваллуд ёфт, Писаре ба мо дода шуд, ва салтанат бар дӯши Ӯ хоҳад буд, ва номи Ӯ Аҷиб, Мушовир, Худои Ҷаббор, Падари ҷовид, Мири осоиштагӣ хонда хоҳад шуд.
Ишаъё 9:6
Ва Исо наздик омада, ба онҳо гуфт: «Ба Ман тамоми қудрат дар осмон ва бар замин дода шудааст:
Инҷили Матто 28:18
Зеро ки баракатҳо то абад бар ӯ ниҳодаӣ, бо шодии рӯи Худ ӯро шод кардаӣ;
Забур 20:7
«Қавӣ ва далер бошед, аз подшоҳи Ашшур ва аз тамоми анбӯҳе ки бо ӯст, натарсед ва ҳаросон нашавед, зеро қуввате ки бо мост, аз қуввате ки бо ӯст, бештар аст.
2 Вақоеънома 32:7
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
5 Окт 2025
Psalms 50:15
4 Окт 2025
Exodus 34:29
3 Окт 2025
Revelation 1:5
2 Окт 2025
Leviticus 16:22
1 Окт 2025
Galatians 5:22-23
30 Сен 2025
Job 23:10
29 Сен 2025
1 John 3:16