Сешанбе, 7 Октябр 2025

Нури рӯзона

7 Окт 2025

Ҷонамро бо хатокорон ва ҳаётамро бо хунхӯрон нобуд накун,

Забур 25:9

Хушо ҳалимон, зеро ки онҳо вориси замин хоҳанд шуд.

Инҷили Матто 5:5

Боз назар андохта, дар таҳти офтоб дидам, ки даводавӣ на аз барои сабукравон аст, ва корзор на аз барои баҳодурон аст, ва нон на аз барои хирадмандон аст, ва сарват на аз барои оқилон аст, ва меҳр на аз барои донишмандон аст; чунки вақти номусоид ва нокомӣ ба ҳамаи онҳо рӯй хоҳад дод.

Воиз 9:11

Дили одам роҳи ӯро нақша мекашад, вале Худованд қадамҳои ӯро равона менамояд.

Масалҳо 16:9

Суруди сууди Довуд. Агар Худованд бо мо намебуд, — Исроил бигӯянд, — Агар Худованд бо мо намебуд, вақте ки одамон бар мо қиём карданд,

Забур 123:1-2

Ки даҳонашон суханони ботил мегӯяд, ва яминашон ямини бардурӯғ аст.

Забур 143:8

Эй Худои мо! Худат онҳоро доварӣ намо, зеро мо қувват надорем, ки пеши анбӯҳи бузурге ки ба муқобили мо меоянд, истодагӣ намоем, ва мо намедонем чӣ кор кунем, балки чашмони мо ба сӯи Туст».

2 Вақоеънома 20:12

Ва агар касе аз шумо аз ҳикмат камӣ дошта бошад, бигзор талаб кунад аз Худое ки ба ҳама бо саховат ва бе сарзаниш ато менамояд, — ва ба вай ато хоҳад шуд.

Яъқуб 1:5

Лекин чун Ӯ, яъне Рӯҳи ростӣ ояд, шуморо ба тамоми ростӣ раҳнамоӣ ҳоҳад кард; зеро ки аз Худ нахоҳад гуфт, балки ҳар чи мешунавад, онро хоҳад гуфт, ва аз воқеоти оянда ба шумо ҳабар хоҳад дод.

Инҷили Юҳанно 16:13

Бо зеҳни сунъӣ тарҷума шудааст, аз ҷумла иқтибосҳои Китоби Муқаддас — ҳама гуна истинодро кушоед, то онро дар Китоби Муқаддас 1992, 1999 хонед.

Барои маълумоти муффасал ба адреси электронии мо муроҷиат намоед: [email protected]

Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).

Рӯзҳои охир