Якшанбе, 23 Ноябр 2025

Нури рӯзона

23 Ноя 2025

Валекин ҳар кӣ маро бишнавад, дар амният сукунат хоҳад дошт ва аз бими шарорат эмин хоҳад буд».

Масалҳо 1:33

Он ки дар паноҳгоҳи Хаққи Таоло нишастааст, дар сояи Қодири Бечун хоҳад буд.

Забур 90:1

Тарона. Суруди рӯзи шанбе.

Забур 91:1

Бар сози даҳтор ва бар уд, бар нағмаи барбат.

Забур 91:4

Зеро ки шумо мурдаед, ва ҳаёти шумо бо Масеҳ дар Худо ниҳон аст:

Нома ба Қӯлассиён 3:3

Зеро ки Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд. Барои ҷалоли шумо Ӯ маро назди халқҳое ки шуморо тороҷ карданд, фиристодааст; зеро ҳар кӣ ба шумо даст расонад, ба мардумаки чашми Ӯ даст расонда бошад.

Закариё 2:8

Ва Мусо ба қавм гуфт: «Ҳаросон нашавед! Биистед ва наҷоти Худовандро бубинед, ки онро Ӯ имрӯз барои шумо ба амал хоҳад овард; зеро мисриёнро, ки имрӯз дидаед, дигар ҳаргиз нахоҳед дид. Худованд барои шумо ҷанг хоҳад кард, ва шумо хомӯш бошед».

Хуруҷ 14:13-14

Барои сардори муғанниён. Таронаи банӣ‐Қӯраҳ. Эй ҳамаи қавмҳо, каф занед! Ба Худо бо овози тараннум бонг занед!

Забур 46:1-2

Лекин Исо дарҳол ба онҳо хитоб карда, гуфт: «Ором бошед; ин Манам, ҳаросон нашавед».

Инҷили Матто 14:27

Лекин Ӯ ба онҳо гуфт: «Чаро музтариб шудед, ва аз чӣ сабаб дар дили шумо чунин фикрҳо пайдо мешавад? Ба дастҳои Ман ва ба пойҳои Ман нигоҳ кунед: ин Худи Ман ҳастам; Маро ламс кунед ва бубинед; зеро ки рӯҳ гӯшт ва устухон надорад, чунон ки дар Ман мебинед».

Инҷили Луқо 24:38-39

For this cause I also suffer these things. Yet I am not ashamed, for I know him whom I have believed, and I am persuaded that he is able to guard that which I have committed to him against that day.

2 Timothy 1:12

Бо зеҳни сунъӣ тарҷума шудааст, аз ҷумла иқтибосҳои Китоби Муқаддас — ҳама гуна истинодро кушоед, то онро дар Китоби Муқаддас 1992, 1999 хонед.

Барои маълумоти муффасал ба адреси электронии мо муроҷиат намоед: [email protected]

Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).

Рӯзҳои охир