Дар ҷавоби онҳо гуфт: «Модарам ва бародаронам он касонанд, ки каломи Худоро мешунаванд ва ба ҷо меоваранд».
Инҷили Луқо 8:21
Нури рӯзона
Дар ҷавоби онҳо гуфт: «Модарам ва бародаронам он касонанд, ки каломи Худоро мешунаванд ва ба ҷо меоваранд».
Инҷили Луқо 8:21
Зеро ки ҳам Тақдискунанда ва ҳам тақдисшавандагон, ҳама аз Ягона ҳастанд; ба ин сабаб Ӯ ор намекунад, ки онҳоро бародар хонад, ва мегӯяд: «Исми Туро ба бародаронам шӯҳрат хоҳам дод, дар миёни ҷамоат Туро мадҳ хоҳам кард».
ба Ибриён 2:11-12
Зеро ки дар Исои Масеҳ на хатна аҳамият дорад ва на номахтунӣ, балки имоне ки бо муҳаббат амал мекунад.
Нома ба Ғалотиён 5:6
Шумо дӯстони Ман ҳастед, агар аҳкоми Маро ба ҷо оваред.
Инҷили Юҳанно 15:14
Лекин Ӯ гуфт: «Хушо онҳое ки каломи Худоро мешунаванд ва онро риоя мекунанд».
Инҷили Луқо 11:28
На ҳар касе ки ба Ман: „Худовандо! Худовандо!“ мегӯяд, ба Малакути Осмон дохил хоҳад шуд, балки он касе ки иродаи Падари Маро, ки дар осмон аст, ба ҷо меоварад.
Инҷили Матто 7:21
Исо ба онҳо гуфт: «Ғизои Ман он аст, ки иродаи Фиристандаи Худро ба ҷо оварам ва кори Ӯро ба анҷом расонам.
Инҷили Юҳанно 4:34
Агар мо гӯем, ки бо Ӯ мушоракат дорем, вале дар зулмот мегардем, мо дурӯғ мегӯем ва бар тибқи ростӣ рафтор намекунем;
1 Юҳанно 1:6
Валекин касе ки каломи Ӯро риоят мекунад, дар вай ба ростӣ муҳаббати Худо ба камол расидааст. Аз ин медонем, ки мо дар Ӯ ҳастем.
1 Юҳанно 2:5
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
23 Ноя 2025
Proverbs 1:33
22 Ноя 2025
Jude 20
21 Ноя 2025
John 6:37
20 Ноя 2025
Micah 7:8
19 Ноя 2025
Matthew 7:20
18 Ноя 2025
Isaiah 27:8
17 Ноя 2025
Psalms 92:5