Аммо ман ба Худо илтиҷо менамудам, ва даъвои худро ба Худо месупурдам,
Айюб 5:8
Нури рӯзона
Аммо ман ба Худо илтиҷо менамудам, ва даъвои худро ба Худо месупурдам,
Айюб 5:8
Магар барои Худованд чизи мушкиле ҳаст? Дар сари ваъда, соли оянда дар ҳамин вақт назди ту хоҳам баргашт, ва Сороро писаре хоҳад шуд».
Ҳастӣ 18:14
Зеро ки гуноҳҳоям аз сарам гузаштааст, мисли бори гароне аз бардоштам вазнинтар аст;
Забур 37:5
Ҳеҷ ғам нахӯред, аммо ҳамеша дар дуо ва илтимос бо шукргузорӣ хоҳишҳои худро ба Худо ошкор намоед, —
Нома ба Филиппиён 4:6
Ҳамаи ғамҳои худро ба Ӯ вогузор намоед, зеро ки Ӯ ба шумо ғамхорӣ мекунад.
1 Петрус 5:7
Ва Ҳизқиё номаро аз дасти элчиён гирифт, ва онро хонд, ва ба хонаи Худованд даромад, ва онро ба ҳузури Худованд густаронид. Ва Ҳизқиё назди Худованд дуо хонда, гуфт:
Ишаъё 37:14-15
Ва воқеъ хоҳад шуд, ки пеш аз он ки онҳо бихонанд, Ман ҷавоб хоҳам дод, ва пеш аз он ки онҳо сухане гӯянд, Ман хоҳам шунид.
Ишаъё 65:24
Ба гуноҳҳои худ назди якдигар иқрор намоед ва барои якдигар дуо гӯед, то шифо ёбед: дуои боисрори шаҳси одил қуввати бузурге дорад.
Яъқуб 5:16
Худовандро мадҳ кунед, эй ҳамаи халқҳо! Ӯро ситоиш намоед, эй ҳамаи умматҳо! Зеро ки эҳсони Ӯ бар мо ғолиб омадааст; ва ростии Худованд то абад аст. Ҳалелуёҳ!
Забур 116:1-2
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
2 Дек 2025
1 John 2:20
1 Дек 2025
Isaiah 32:2
30 Ноя 2025
Revelation 1:4
29 Ноя 2025
Psalms 65:4
28 Ноя 2025
James 2:26
27 Ноя 2025
John 17:22
26 Ноя 2025
Isaiah 62:4