Валекин ҳикмат аз куҷо ёфт мешавад? Ва макони хирад куҷост?
Айюб 28:12
Нури рӯзона

Валекин ҳикмат аз куҷо ёфт мешавад? Ва макони хирад куҷост?
Айюб 28:12
Ва агар касе аз шумо аз ҳикмат камӣ дошта бошад, бигзор талаб кунад аз Худое ки ба ҳама бо саховат ва бе сарзаниш ато менамояд, — ва ба вай ато хоҳад шуд. Валекин бигзор бо имон талаб кунад ва ҳеҷ шакку шубҳа надошта бошад, чунки шаккок ба мавҷи баҳр монанд аст, ки аз шамол баланд шуда, ҷавлон мекунад:
Яъқуб 1:5-6
Бо тамоми дили худ ба Худованд таваккал намо, ва ба хиради худ такья накун. Дар ҳамаи тариқҳои худ Ӯро дарк намо, ва Ӯ роҳҳои туро ҳамвор хоҳад кард.
Масалҳо 3:5-6
Now to the King eternal, immortal, invisible, to God who alone is wise, be honor and glory forever and ever. Amen.
1 Timothy 1:17
Дар назари худат хирадманд набош, аз Худованд битарс, ва аз бадӣ дур шав:
Масалҳо 3:7
Ва ман гуфтам: «Ё Худоё Худовандо! Ман, охир, наметавонам сухан ронам, зеро ки амраде ҳастам». Вале Худованд ба ман гуфт: «Нагӯ: „Ман амраде ҳастам“, балки сӯи ҳар касе ки туро бифиристам, хоҳӣ рафт, ва ҳар чиро, ки ба ту амр фармоям, хоҳӣ гуфт. Аз онҳо натарс, зеро Ман бо ту ҳастам, то ки туро халосӣ диҳам», — гуфт Худованд.
Ирмиё 1:6-8
Ва дар он рӯз аз Ман чизе нахоҳед пурсид. Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар он чи аз Падар ба исми Ман талаб кунед, ба шумо ато хоҳад кард. То кунун ба исми Ман чизе талаб накардаед; талаб кунед, то бигиред, ва шодии шумо комил гардад.
Инҷили Юҳанно 16:23-24
Ва ҳар он чи дар дуо бо имон талаб кунед, хохед ёфт».
Инҷили Матто 21:22
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
3 Дек 2025
Job 5:8
2 Дек 2025
1 John 2:20
1 Дек 2025
Isaiah 32:2
30 Ноя 2025
Revelation 1:4
29 Ноя 2025
Psalms 65:4
28 Ноя 2025
James 2:26
27 Ноя 2025
John 17:22

Рушди рӯҳонӣ
Масеҳиён бо муборизаҳои умумӣ ба инсоният, гуноҳ ва пайравӣ ба Масеҳ рӯ ба рӯ мешаванд. Пайдоиши онҳоро…
Издивоҷ
Барои издивоҷи масеҳии Худо-писанд бо роҳнамоии Китоби Муқаддас оид ба издивоҷ ва машварати пеш аз издивоҷ…
Имон
Ҳаёт мусобиқа аст, аммо пирӯзӣ дар муваффақияти дунявӣ ёфт намешавад. Аз ноумедии Сулаймон ва имони Павлус…

Рушди рӯҳонӣ
Масеҳиён бо муборизаҳои умумӣ ба инсоният, гуноҳ ва пайравӣ ба Масеҳ рӯ ба рӯ мешаванд. Пайдоиши онҳоро…
Исои Масеҳ
Бифаҳмед, ки рӯҳи Исо пас аз маргаш ва пеш аз эҳёшавиаш ба куҷо рафт. Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки Ӯ бо…

Издивоҷ
Барои издивоҷи масеҳии Худо-писанд бо роҳнамоии Китоби Муқаддас оид ба издивоҷ ва машварати пеш аз издивоҷ…
Истодагарӣ
Бо даъват кардани Исо, дур кардани гуноҳ ва бо истодагарӣ давидан, мусобиқаи масеҳиро қабул кунед. Тоҷи ғолиб…
Хусусиятҳои Худо
Фикри дуруст дар бораи Худо барои ҳаёти масеҳӣ муҳим аст. Фаҳмиши сифатҳои Ӯ ба пешгирии бутпарастӣ ва…