Юҳанно ба ҳафт калисое ки дар вилояти Осиё мебошанд: файз ва осоиштагӣ бар шумо бод аз ҷониби Ӯ, ки ҳаст ва буд ва хоҳад омад, ва аз ҷониби ҳафт рӯҳе ки дар пеши тахти Ӯ ҳастанд,
Ваҳй Юҳанно 1:4
Нури рӯзона
Юҳанно ба ҳафт калисое ки дар вилояти Осиё мебошанд: файз ва осоиштагӣ бар шумо бод аз ҷониби Ӯ, ки ҳаст ва буд ва хоҳад омад, ва аз ҷониби ҳафт рӯҳе ки дар пеши тахти Ӯ ҳастанд,
Ваҳй Юҳанно 1:4
Ва осоиштагии Худо, ки аз ҳар хирад болотар аст, дилҳои шумо ва фикрҳои шуморо дар Исои Масеҳ нигоҳ хоҳад дошт.
Нома ба Филиппиён 4:7
Вақте ки онҳо дар ин хусус гап мезаданд, Худи Исо дар миёни онҳо истода, ба онҳо гуфт: «Салом бар шумо бод».
Инҷили Луқо 24:36
Осоиштагиро ба шумо боқӣ мегузорам, осоиштагии Худро ба шумо медиҳам: на ончунон ки ҷаҳон медиҳад, Ман ба шумо медиҳам. Дили шумо музтариб нашавад ва ҳаросон набошад.
Инҷили Юҳанно 14:27
Лекин чун Пуштибон, ки Ӯро аз ҷониби Падар назди шумо мефиристам, биёяд, яъне Рӯҳи ростӣ, ки аз Падар содир мегардад, Ӯ бар Ман шаҳодат хоҳад дод;
Инҷили Юҳанно 15:26
Аммо самари Рӯҳ инҳост: муҳаббат, шодмонӣ, осоиштагӣ, пурсабрӣ, меҳрубонӣ, марҳамат, имон,
Нома ба Ғалотиён 5:22
Ҳамон Рӯҳ ба рӯҳи мо шаҳодат медиҳад, ки мо фарзандони Худо ҳастем.
Нома ба Румиён 8:16
Ва Ӯ гуфт: «Худам хоҳам омад, то ки ба ту оромӣ бахшам». Ва ба Ӯ гуфт: «Агар Худат наоӣ, моро аз ин ҷо набар. Зеро, аз чӣ маълум шавад, ки ман ва қавми Ту манзури назари Ту шудаем? Оё на аз он ки Ту бо мо биёӣ? Ва дар он сурат ман ва қавми Ту аз ҳамаи қавмҳое ки дар рӯи замин ҳастанд, мумтоз хоҳем шуд».
Хуруҷ 33:14-16
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
29 Ноя 2025
Psalms 65:4
28 Ноя 2025
James 2:26
27 Ноя 2025
John 17:22
26 Ноя 2025
Isaiah 62:4
25 Ноя 2025
Romans 6:18
24 Ноя 2025
Luke 8:21
23 Ноя 2025
Proverbs 1:33