Чоршанбе, 26 Ноябр 2025

Нури рӯзона

26 Ноя 2025

Туро дигар «Матрук» нахоҳанд номид, ва замини туро дигар «Вайрона» нахоҳанд гуфт, балки туро «Дилхоҳ» ва замини туро «Шавҳардор» хоҳанд номид, зеро ки Худованд туро хостааст, ва замини ту шавҳар хоҳад кард.

Ишаъё 62:4

Вале акнун Худованд, ки туро, эй Яъқуб, офардидааст, ва туро, эй Исроил, ба вуҷуд овардааст, чунин мегӯяд: «Натарс, зеро ки Ман туро раҳонидаам, туро ба исми ту хондаам; ту аз они Ман ҳастӣ.

Ишаъё 43:1

«Оё зан бачаи ширмаки худро фаромӯш карда, ба писари батни худ раҳмаш намеояд? Ва инҳо фаромӯш кунанд ҳам, Ман туро фаромӯш нахоҳам кард. Инак, Ман туро бар кафи дастҳои Худ нақш кашидаам; ҳисорҳои ту доим пеши назари Ман аст.

Ишаъё 49:15-16

Ба мадади ман шитоб кун, эй Худованд, эй наҷоти ман!

Забур 37:23

Дар замини офаридаи Ӯ хушҳолӣ менамудам, ва ба туфайли банӣ‐одам ҳаловат мебурдам.

Масалҳо 8:31

Yahweh takes pleasure in those who fear him, in those who hope in his loving kindness.

Psalms 147:11

«Ва онҳо, мегӯяд Худованди лашкарҳо, дар он рӯзе ки Ман амал намоям, барои Ман ганҷи гузин хоҳанд буд, ва Ман ба онҳо раҳм хоҳам намуд, чунон ки одам ба писари худ, ки барои ӯ хизмат мекунад, раҳм менамояд.

Малокӣ 3:17

Ва шуморо, ки як вақте, ба сабаби майл доштанатон ба аъмоли бад, бегона ва душман будед, Ҳоло дар ҷисми башарии Ӯ ба воситаи мамоти Ӯ оштӣ додааст, то ки шуморо назди Худ муқаддас ва бе айбу нуқсон ҳозир кунад,

Нома ба Қӯлассиён 1:21-22

Бо зеҳни сунъӣ тарҷума шудааст, аз ҷумла иқтибосҳои Китоби Муқаддас — ҳама гуна истинодро кушоед, то онро дар Китоби Муқаддас 1992, 1999 хонед.

Барои маълумоти муффасал ба адреси электронии мо муроҷиат намоед: [email protected]

Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).

Рӯзҳои охир