Душанбе, 15 Декабр 2025

Нури рӯзона

15 Дек 2025

Борҳои якдигарро бардоред, ва ба ҳамин тариқ шариати Масеҳро иҷро хоҳед кард.

Нома ба Ғалотиён 6:2

Ва ҳар яке на танҳо дар бораи худаш, балки дар бораи дигарон низ ғамхорӣ намояд. Зеро дар шумо низ бояд айни ҳамон ҳиссиёт бошад, ки дар Исои Масеҳ буд,

Нома ба Филиппиён 2:4-5

Балки Худро кам дониста, ба сурати ғулом даромад ва ба одамон монандӣ пайдо карда, ба зоҳир мисли одамизод шуд,

Нома ба Филиппиён 2:7

Зеро Писари Одам низ на барои он омад, ки ба Ӯ хизмат кунанд, балки барои он ки хизмат кунад ва ҷони Худро барои фидияи бисьёр касон бидиҳад».

Инҷили Марқӯс 10:45

Ва Ӯ барои ҳама мурд, то ки зиндаҳо акнун на аз барои худашон зиндагӣ кунанд, балки барои Ӯ, ки аз барои онҳо мурд ва эҳьё шуд.

2 ба Қӯринтиён 5:15

Исо, вақте ки вайро ашкрезон ва яҳудиёни бо вай омадаро низ гирьён дид, аз дил оҳи аламноке кашид ва музтариб шуд,

Инҷили Юҳанно 11:33

Исо гирья кард.

Инҷили Юҳанно 11:35

Бо шодикунандагон шодӣ кунед, бо гирьякунандагон гирья кунед.

Нома ба Румиён 12:15

Ниҳоят, ҳамаатон ҳамфикр, ҳамдард, бародардӯст, бошафқат, меҳрубон ва фурӯтан бошед; Дар ивази бадӣ, бадӣ накунед, ё дар ивази лаънат, лаънат нагӯед; баръакс, баракат диҳед, чун медонед, ки шумо барои он даъват карда шудаед, ки вориси баракат гардед.

1 Петрус 3:8-9

Бо зеҳни сунъӣ тарҷума шудааст, аз ҷумла иқтибосҳои Китоби Муқаддас — ҳама гуна истинодро кушоед, то онро дар Китоби Муқаддас 1992, 1999 хонед.

Барои маълумоти муффасал ба адреси электронии мо муроҷиат намоед: [email protected]

Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).

Рӯзҳои охир