Риоя кардани адлу инсоф назди Худованд мақбултар аз қурбонист.
Масалҳо 21:3
Нури рӯзона
Риоя кардани адлу инсоф назди Худованд мақбултар аз қурбонист.
Масалҳо 21:3
Ба ту, эй одамизод, гуфта шудааст, ки чӣ чиз некӯст, ва Худованд аз ту чӣ чизро талаб мекунад, яъне фақат инро, ки аз рӯи инсоф амал намоӣ, ва марҳаматро дӯст дорӣ, ва дар ҳузури Худои худ бо фурӯтанӣ роҳ равӣ.
Мико 6:8
Ва Самуил гуфт: «Оё барои Худованд курбониҳои сӯхтанӣ ва забҳҳо ончунон матлуб аст, чунон ки шунидани овози Худованд? Шунидан, охир, аз забҳ хубтар аст, ва гӯш андохтан — аз чарбуи кӯчқорон.
1 Подшоҳон 15:22
Ва Ӯро бо тамоми дил ва бо тамоми идрок ва бо тамоми қувват дӯст доштан ва ёри худро мисли худ дӯст доштан аз ҳамаи курбониҳои сӯхтанӣ ва ҳадияҳо афзалтар аст».
Инҷили Марқӯс 12:33
«Ту низ сӯи Худои худ руҷӯъ намо, марҳамат ва инсофро риоят бикун, ва ҳамеша ба Худои худ таваккал намо».
Ҳушаъ 12:6
Вай Марьям ном хоҳаре дошт, ки пеши пойҳои Исо нишаста, каломи Ӯро гӯш мекард.
Инҷили Луқо 10:39
Аммо фақат як чиз лозим аст. Марьям қисмати некӯро баргузидааст, ки он аз вай кашида гирифта намешавад».
Инҷили Луқо 10:42
Зеро ки Худо дар шумо, бо ҳусни таваҷҷӯҳи Худ, ҳам хоҳиш ва ҳам амалро ба вуҷуд меоварад.
Нома ба Филиппиён 2:13
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
8 Дек 2025
Galatians 5:13
7 Дек 2025
2 Corinthians 5:21
6 Дек 2025
Philippians 2:13
5 Дек 2025
Psalms 119:71
4 Дек 2025
Job 28:12
3 Дек 2025
Job 5:8
2 Дек 2025
1 John 2:20