Ҷумъа, 12 Декабр 2025

Нури рӯзона

12 Дек 2025

Худованд азиятҳои туро дур карда, душманонатро аз миён бардоштааст; Худованд, ки подшоҳи Исроил аст, андаруни туст, ва ту дигар бадӣ нахоҳӣ дид.

Сафаниё 3:15

Натарс, зеро ки Ман бо ту ҳастам; наларз, зеро ки Ман Худои ту ҳастам: Ман туро тақвият хоҳам намуд, ва туро ёварӣ хоҳам дод, ва туро бо ямини адолати Худ дастгирӣ хоҳам кард.

Ишаъё 41:10

Дастҳои беқувватро қавӣ кунед, ва зонуҳои ларзонро тақвият диҳед. Ба дилҳои тарсончак бигӯед: «Қавӣ бошед! Натарсед! Инак, Худои шумо бо интиқом меояд, бо подоши илоҳии Худ меояд: Ӯ омада, шуморо наҷот хоҳад дод».

Ишаъё 35:3-4

Худованд Худои ту андаруни туст, Ӯ ҷаббор аст, ва наҷот хоҳад дод; дар ҳаққи ту бо шодмонӣ дилхуш хоҳад шуд, дар муҳаббати Худ хомӯш хоҳад монд, дар ҳаққи ту бо тараннум шодӣ хоҳад кард.

Сафаниё 3:17

Wait for Yahweh. Be strong, and let your heart take courage. Yes, wait for Yahweh.

Psalms 27:14

Ва овози баланде аз осмон шунидам, ки мегӯяд: «Инак, хаймаи Худо бо одамон, ва Ӯ бо онҳо сокин хоҳад шуд; онҳо қавми Ӯ хоҳанд буд, ва Худи Худо бо онҳо Худои онҳо хоҳад буд; Ва Худо ҳар ашкро аз чашмони онҳо пок хоҳад кард, ва мамот дигар нахоҳад буд; ва гирья ва фиғон ва дард дигар нахоҳад буд; зеро он чи пештар буд, гузашт».

Ваҳй Юҳанно 21:3-4

Бо зеҳни сунъӣ тарҷума шудааст, аз ҷумла иқтибосҳои Китоби Муқаддас — ҳама гуна истинодро кушоед, то онро дар Китоби Муқаддас 1992, 1999 хонед.

Барои маълумоти муффасал ба адреси электронии мо муроҷиат намоед: [email protected]

Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).

Рӯзҳои охир