Зеро ки шумо, эй бародарон, ба озодӣ даъват шудаед, фақат ин ки озодӣ баҳонае барои ҳавасҳои ҷисм нашавад, балки ба якдигар бо муҳаббат хизмат кунед.
Нома ба Ғалотиён 5:13
Нури рӯзона
Зеро ки шумо, эй бародарон, ба озодӣ даъват шудаед, фақат ин ки озодӣ баҳонае барои ҳавасҳои ҷисм нашавад, балки ба якдигар бо муҳаббат хизмат кунед.
Нома ба Ғалотиён 5:13
Эй бародарон, агар касе гирифтори хатое шавад, шумо, рӯҳониён, ӯро дар рӯҳи фурӯтанӣ ислоҳ кунед, ва ҳар кас аз худаш бохабар бошад, ки мабодо ба озмоиш дучор шавад. Борҳои якдигарро бардоред, ва ба ҳамин тариқ шариати Масеҳро иҷро хоҳед кард.
Нома ба Ғалотиён 6:1-2
Эй бародарон! Агар касе аз шумо аз ростӣ сар печад, ва касе ӯро баргардонад, Бигзор вай бидонад, ки шаҳсе ки гуноҳкорро аз роҳи ғалати вай гардонад, ҷони вайро аз мамот наҷот дода, гуноҳҳои зиёдро рӯпӯш хоҳад кард.
Яъқуб 5:19-20
Чун ҷонҳои худро бо итоати ростӣ ба воситаи Рӯҳ барои бародардӯстии бериё пок кардаед, доимо якдигарро аз самими қалб дӯст бидоред,
1 Петрус 1:22
Аз касе чизе қарздор нашавед, ҷуз қарзи муҳаббат нисбат ба якдигар; зеро ҳар кӣ каси дигарро дӯст медорад, шариатро ба ҷо овардааст.
Нома ба Румиён 13:8
Якдигарро бо муҳаббати бародарӣ дӯст доред; ва ҳар яке каси дигарро зиёдтар сазовори эҳтиром ҳисоб кунед;
Нома ба Румиён 12:10
Ҳамчунин шумо, эй ҷавонон, ба пирон итоат намоед; ва ҳамаатон, ба якдигар итоат намуда, фурӯтаниро дар бар кунед, чунки Худо ба мағрурон муқобилат мекунад, вале ба фурӯтанон файз мебахшад.
1 Петрус 5:5
Ва мо, ки тавоно ҳастем, бояд сустиҳои нотавононро бардорем ва толиби роҳати худ набошем:
Нома ба Румиён 15:1
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
7 Дек 2025
2 Corinthians 5:21
6 Дек 2025
Philippians 2:13
5 Дек 2025
Psalms 119:71
4 Дек 2025
Job 28:12
3 Дек 2025
Job 5:8
2 Дек 2025
1 John 2:20
1 Дек 2025
Isaiah 32:2