Пас эҳтиёт бошед, ки аз кори неки шумо бадгӯӣ накунанд.
Нома ба Румиён 14:16
Нури рӯзона
Пас эҳтиёт бошед, ки аз кори неки шумо бадгӯӣ накунанд.
Нома ба Румиён 14:16
Abstain from every form of evil.
1 Thessalonians 5:22
Зеро ки мо кори некро на танҳо ба ҳузури Худованд, балки пеши мардум низ пешбинӣ мекунем.
2 ба Қӯринтиён 8:21
Зеро чунин аст иродаи Худо, то ки мо бо некӯкории худ даҳони ҷаҳолати мардуми беандешаро маҳкам кунем, —
1 Петрус 2:15
Бигзор ҳеҷ яке аз шумо ҳамчун қотил, ё дузд, ё бадкирдор, ё фузул уқубат накашад;
1 Петрус 4:15
Аммо агар касе ҳамчун масеҳӣ уқубат кашад, бигзор хиҷил нашавад, балки барои чунин қисматаш Худоро ҳамду сано хонад.
1 Петрус 4:16
Зеро ки шумо, эй бародарон, ба озодӣ даъват шудаед, фақат ин ки озодӣ баҳонае барои ҳавасҳои ҷисм нашавад, балки ба якдигар бо муҳаббат хизмат кунед.
Нома ба Ғалотиён 5:13
Аммо боҳабар бошед, ки ин озодии шумо сабаби васвасаи нотавонон нашавад.
1 ба Қӯринтиён 8:9
Ва ҳар кӣ яке аз ин тифлонро, ки ба Ман имон меоваранд, ба васваса андозад, барои вай беҳтар аст, ки санги осиёе бар гарданаш овехта, вайро дар қаъри баҳр ғарқ кунанд.
Инҷили Матто 18:6
Ва Подшоҳ дар ҷавоби онҳо хоҳад гуфт: „Ба ростӣ ба шумо мегӯям: он чи ба яке аз ин бародарони хурдтарини Ман кардаед, ба Ман кардаед“.
Инҷили Матто 25:40
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
10 Дек 2025
John 10:29
9 Дек 2025
Proverbs 21:3
8 Дек 2025
Galatians 5:13
7 Дек 2025
2 Corinthians 5:21
6 Дек 2025
Philippians 2:13
5 Дек 2025
Psalms 119:71
4 Дек 2025
Job 28:12