Сешанбе, 30 Декабр 2025

Нури рӯзона

30 Дек 2025

Ки Ӯ низ шуморо то ба охир устувор хоҳад кард, то ки дар рӯзи Худованди мо Исои Масеҳ беайб бошед.

1 ба Қӯринтиён 1:8

Ва шуморо, ки як вақте, ба сабаби майл доштанатон ба аъмоли бад, бегона ва душман будед, Ҳоло дар ҷисми башарии Ӯ ба воситаи мамоти Ӯ оштӣ додааст, то ки шуморо назди Худ муқаддас ва бе айбу нуқсон ҳозир кунад, Фақат ба шарте ки шумо дар имон матин ва устувор бошед ва аз умеди башорате ки шунидаед, ҷудо нашавед, ки он ба тамоми махлуқоти зери осмон мавъиза карда шудааст, ва ман, Павлус, хизматгузори он гардидаам.

Нома ба Қӯлассиён 1:21-23

То ки бенуқсон ва пок, фарзандони беайби Худо бошед, дар миёни насли саркаш ва фосид, ки дар он шумо мисли найирҳо дар ҷаҳон медурахшед,

Нома ба Филиппиён 2:15

Пас, эй маҳбубон, модоме ки инро интизорӣ доред, саъю кӯшиш намоед, ки назди Ӯ покиза ва беайб дар осоиштагӣ хозир шавед;

2 Петрус 3:14

То шумо дарк намоед, ки чӣ беҳтар аст, барои он ки дар рӯзи Масеҳ пок ва беайб бошед,

Нома ба Филиппиён 1:10

Яҳудо, ки бандаи Исои Масеҳ ва бародари Яъқуб аст, ба даъватшудагоне ки дар Худои Падар тақдис ёфтаанд ва дар Исои Масеҳ маҳфузанд: Марҳамат ва осоиштагӣ ва муҳаббат бар шумо фаровон бод. Эй маҳбубон! Азбаски ҷидду ҷаҳди комил дорам ба шумо дар бораи наҷоти муштараки мо бинависам, зарур донистам ба шумо насиҳате нависам, то шумо дар роҳи имоне ки як бор ба муқаддасон супурда шуд, ҷадал намоед. Зеро баъзе касон пинҳонӣ даромадаанд, ки аз қадим ба ин маҳкумият таъин шуда буданд, ва ин осиён файзи Худои моро ба фисқу фуҷур табдил медиҳанд ва Парвардигори ягона ва Исои Масеҳи Худованди моро инкор мекунанд. Ман он чиро, ки медонед, мехоҳам ба шумо хотиррасон намоям, ки агарчи Худованд қавмро аз замини Миср халос кард, баъд беимононро ба ҳалокат расонд, Ва фариштаҳоеро, ки мартабаи худро маҳфуз надоштанд, балки манзили худро тарк карданд, дар қайду банди абадӣ, дар зулмот, барои доварии рӯзи бузург нигоҳ дошт; Ҳамчунин Садӯм ва Амӯро ва шаҳрҳои атрофашон, ки ба ҳамин тарз ба зино дода шуда, аз паи инҳирофоти дигар афтода буданд, гирифтори ҷазои оташи абадӣ гардида, ҳамчун тимсол муқаррар карда шуданд. Ба ҳамин тарз ин гирифторони хобу хаёл ҷисмро палид месозанд, сардоронро рад мекунанд ва дар ҳаққи олимақомон бӯҳтон мегӯянд. Вақте ки фариштаи муқарраб Микоил бо иблис сухан ронда, дар бораи ҷасади Мусо баҳс мекард, ҷуръат накард, ки ҳукми мазамматкунандае ба забон ронад, балки гуфт: «Худованд туро ҷазо диҳад». Валекин инҳо ба ҳар чизе ки намефаҳманд, бӯҳтон мезананд, ва бо ҳар чизе ки ҳамчун ҳайвоноти безабон табиатан медонанд, худро фосид мекунанд. Вой бар ҳоли онҳо, чунки бо роҳи Қобил рафтаанд, ва мисли Билъом дар ивази музд тамоман ба иштибоҳ дода шудаанд, ва мисли Қӯраҳ дар исьён ба ҳалокат расидаанд. Инҳо олудагие дар зиёфатҳои муҳаббати шумо мебошанд, ҳангоме ки бо шумо бе ҳаросе айшу ишрат карда, шиками ҳудро мепарваранд; инҳо абрҳои беобе ҳастанд, ки бо шамол ронда мешаванд; инҳо дарахтони тирамоҳ ҳастанд, ки бесамар буда, ду карат мурдаанд ва решакан шудаанд; Инҳо мавҷҳои пуртуғьёни баҳр ҳастанд, ки кафки расвоиҳои худро боло мебароваранд; инҳо ситораҳои оворае ҳастанд, ки барояшон торикии зулмот то абад нигоҳ дошта шудааст. Ҳанӯх низ, ки баъд аз Одам насли ҳафтум буд, дар бораи инҳо нубувват карда гуфтааст: «Инак, Худованд бо беварҳои муқаддасони Худ омад, То ки бар ҳама доварӣ кунад ва ҳамаи осиёнро маҳкум намояд дар тамоми аъмоле ки маъсияташон содир кардааст, ва дар ҳамаи суханони густохонае ки дар ҳаққи Ӯ гуноҳкорони осӣ ба забон рондаанд». Инҳо шиквакунандагони аз ҳар чиз норозие ҳастанд, ки бар тибқи ҳавасҳои худ рафтор мекунанд, суханони дабдабанок мегӯянд ва барои манфиат тамаллуқ менамоянд. Аммо шумо, эй маҳбубон, суханонеро ба ҳотир оваред, ки пештар ҳаввориёни Исои Масеҳи Худованди мо гуфтаанд: Онҳо ба шумо гуфтаанд, ки дар замони охир масхарабозоне пайдо хоҳанд шуд, ки бар тибқи ҳавасҳои осиёнаи худ рафтор хоҳанд кард. Инҳо касоне ҳастанд, ки ҷудоиҳо ба миён меоваранд; инҳо касони нафсоние ҳастанд, ки рӯҳ надоранд. Валекин шумо, эй маҳбубон, худро бо имони бағоят муқаддасатон обод кунед, ва дар Рӯҳулқудс дуо гуфта, Худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред ва марҳамати Исои Масеҳи Худованди моро, ки ҳаёти ҷовидонӣ меоварад, мунтазир бошед. Ба баъзе касон, ки шубҳа мекунанд, мушфиқ бошед; Баъзеи дигарро бо ваҳм наҷот дода, аз оташ берун оваред; бо ваҳм раҳм карда, ҳатто аз либосе ки бо ҷисм палид шудааст, нафрат намоед. Ва Ӯро, ки қодир аст шуморо аз фурӯ ғалтидан нигоҳ дорад ва дар шодӣ беайб ба ҳузури ҷалоли Худ биистонад, Яъне Худои ҳакими якто ва Наҷотдиҳандаи моро, ба воситаи Исои Масеҳи Худованди мо, ҷалол ва шавкат, қудрат ва салтанат бод аз азал ва дар замони ҳозира ва то абад. Омин. 1 Яҳудо, ки бандаи Исои Масеҳ ва бародари Яъқуб аст, ба даъватшудагоне ки дар Худои Падар тақдис ёфтаанд ва дар Исои Масеҳ маҳфузанд: 2 Марҳамат ва осоиштагӣ ва муҳаббат бар шумо фаровон бод. 3 Эй маҳбубон! Азбаски ҷидду ҷаҳди комил дорам ба шумо дар бораи наҷоти муштараки мо бинависам, зарур донистам ба шумо насиҳате нависам, то шумо дар роҳи имоне ки як бор ба муқаддасон супурда шуд, ҷадал намоед. 4 Зеро баъзе касон пинҳонӣ даромадаанд, ки аз қадим ба ин маҳкумият таъин шуда буданд, ва ин осиён файзи Худои моро ба фисқу фуҷур табдил медиҳанд ва Парвардигори ягона ва Исои Масеҳи Худованди моро инкор мекунанд. 5 Ман он чиро, ки медонед, мехоҳам ба шумо хотиррасон намоям, ки агарчи Худованд қавмро аз замини Миср халос кард, баъд беимононро ба ҳалокат расонд, 6 Ва фариштаҳоеро, ки мартабаи худро маҳфуз надоштанд, балки манзили худро тарк карданд, дар қайду банди абадӣ, дар зулмот, барои доварии рӯзи бузург нигоҳ дошт; 7 Ҳамчунин Садӯм ва Амӯро ва шаҳрҳои атрофашон, ки ба ҳамин тарз ба зино дода шуда, аз паи инҳирофоти дигар афтода буданд, гирифтори ҷазои оташи абадӣ гардида, ҳамчун тимсол муқаррар карда шуданд. 8 Ба ҳамин тарз ин гирифторони хобу хаёл ҷисмро палид месозанд, сардоронро рад мекунанд ва дар ҳаққи олимақомон бӯҳтон мегӯянд. 9 Вақте ки фариштаи муқарраб Микоил бо иблис сухан ронда, дар бораи ҷасади Мусо баҳс мекард, ҷуръат накард, ки ҳукми мазамматкунандае ба забон ронад, балки гуфт: «Худованд туро ҷазо диҳад». 10 Валекин инҳо ба ҳар чизе ки намефаҳманд, бӯҳтон мезананд, ва бо ҳар чизе ки ҳамчун ҳайвоноти безабон табиатан медонанд, худро фосид мекунанд. 11 Вой бар ҳоли онҳо, чунки бо роҳи Қобил рафтаанд, ва мисли Билъом дар ивази музд тамоман ба иштибоҳ дода шудаанд, ва мисли Қӯраҳ дар исьён ба ҳалокат расидаанд. 12 Инҳо олудагие дар зиёфатҳои муҳаббати шумо мебошанд, ҳангоме ки бо шумо бе ҳаросе айшу ишрат карда, шиками ҳудро мепарваранд; инҳо абрҳои беобе ҳастанд, ки бо шамол ронда мешаванд; инҳо дарахтони тирамоҳ ҳастанд, ки бесамар буда, ду карат мурдаанд ва решакан шудаанд; 13 Инҳо мавҷҳои пуртуғьёни баҳр ҳастанд, ки кафки расвоиҳои худро боло мебароваранд; инҳо ситораҳои оворае ҳастанд, ки барояшон торикии зулмот то абад нигоҳ дошта шудааст. 14 Ҳанӯх низ, ки баъд аз Одам насли ҳафтум буд, дар бораи инҳо нубувват карда гуфтааст: «Инак, Худованд бо беварҳои муқаддасони Худ омад, 15 То ки бар ҳама доварӣ кунад ва ҳамаи осиёнро маҳкум намояд дар тамоми аъмоле ки маъсияташон содир кардааст, ва дар ҳамаи суханони густохонае ки дар ҳаққи Ӯ гуноҳкорони осӣ ба забон рондаанд». 16 Инҳо шиквакунандагони аз ҳар чиз норозие ҳастанд, ки бар тибқи ҳавасҳои худ рафтор мекунанд, суханони дабдабанок мегӯянд ва барои манфиат тамаллуқ менамоянд. 17 Аммо шумо, эй маҳбубон, суханонеро ба ҳотир оваред, ки пештар ҳаввориёни Исои Масеҳи Худованди мо гуфтаанд: 18 Онҳо ба шумо гуфтаанд, ки дар замони охир масхарабозоне пайдо хоҳанд шуд, ки бар тибқи ҳавасҳои осиёнаи худ рафтор хоҳанд кард. 19 Инҳо касоне ҳастанд, ки ҷудоиҳо ба миён меоваранд; инҳо касони нафсоние ҳастанд, ки рӯҳ надоранд. 20 Валекин шумо, эй маҳбубон, худро бо имони бағоят муқаддасатон обод кунед, ва дар Рӯҳулқудс дуо гуфта, 21 Худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред ва марҳамати Исои Масеҳи Худованди моро, ки ҳаёти ҷовидонӣ меоварад, мунтазир бошед. 22 Ба баъзе касон, ки шубҳа мекунанд, мушфиқ бошед; 23 Баъзеи дигарро бо ваҳм наҷот дода, аз оташ берун оваред; бо ваҳм раҳм карда, ҳатто аз либосе ки бо ҷисм палид шудааст, нафрат намоед. 24 Ва Ӯро, ки қодир аст шуморо аз фурӯ ғалтидан нигоҳ дорад ва дар шодӣ беайб ба ҳузури ҷалоли Худ биистонад, 25 Яъне Худои ҳакими якто ва Наҷотдиҳандаи моро, ба воситаи Исои Масеҳи Худованди мо, ҷалол ва шавкат, қудрат ва салтанат бод аз азал ва дар замони ҳозира ва то абад. Омин.

Яҳудо 24–25

Бо зеҳни сунъӣ тарҷума шудааст, аз ҷумла иқтибосҳои Китоби Муқаддас — ҳама гуна истинодро кушоед, то онро дар Китоби Муқаддас 1992, 1999 хонед.

Барои маълумоти муффасал ба адреси электронии мо муроҷиат намоед: [email protected]

Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).

Рӯзҳои охир