Чоршанбе, 31 Декабр 2025

Нури рӯзона

31 Дек 2025

Ва дар биёбон, чунон ки дидед, Худованд Худои шумо, мисли касе ки писари худро мебардорад, шуморо дар тамоми роҳе ки мерафтед, бардошта бурд, то даме ки ба ин ҷо расидед“.

Такрори Шариат 1:31

Шумо он чиро, ки Ман ба мисриён кардам, дидед, ва Ман шуморо бар болҳои уқобон бардоштам, ва шуморо назди Худ овардам.

Хуруҷ 19:4

Дар ҳар тангии онҳо Ӯ дилсӯзӣ мекард, ва фариштае ки дар ҳузури Ӯ буд, онҳоро наҷот медод; аз рӯи муҳаббати Худ ва шафқати Худ Ӯ онҳоро раҳо мекард, ва дар тамоми айёми қадим онҳоро мебардошт ва баланд мекард.

Ишаъё 63:9

Чунон ки уқоб аҳли лонаи худро бедор карда, бар чӯҷаҳои худ мепарад, ва болҳои худро паҳн карда, онҳоро мегирад, ва бар болу пари худ бардошта мебарад, Ончунон Худованд танҳо варо ҳидоят намуд, ва худои бегонае бо вай набуд.

Такрори Шариат 32:11-12

Ва то пирии шумо Ман хамон ҳастам, ва то мӯйсафедии шумо Ман шуморо хоҳам бардошт: Ман шуморо ба вуҷуд овардаам, ва Ман бар Худ бор хоҳам кард, ва Ман хоҳам бардошт ва хоҳам раҳонид.

Ишаъё 46:4

Чунин аст роҳи онҳое ки худбоваранд, ва фарҷоми онҳое ки аз лофи худ хурсанданд. Село.

Забур 48:14

Cast your burden on Yahweh, and he will sustain you. He will never allow the righteous to be moved.

Psalms 55:22

Бинобар ин ба шумо мегӯям: барои ҳаёти худ ғамхорӣ накунед, ки чӣ бихӯред ва чӣ бинӯшед; низ барои ҷисми худ, ки чӣ бипӯшед. Оё ҳаёт аз хӯрок ва ҷисм аз пӯшок муҳимтар нест?

Инҷили Матто 6:25

Чунки халқҳо дар ҷустуҷӯи ҳамаи ин чизҳо мебошанд, лекин Падари шумо, ки дар осмон аст, медонад, ки шумо ба ҳамаи ин чизҳо эҳтиёҷ доред.

Инҷили Матто 6:32

Ва Самуил як сангро гирифта, дар миёни Мисфо ва Шен гузошт, ва онро Эбен‐Эзер номида, гуфт: «То ин ҷо Худованд ба мо мадад кард».

1 Подшоҳон 7:12

Бо зеҳни сунъӣ тарҷума шудааст, аз ҷумла иқтибосҳои Китоби Муқаддас — ҳама гуна истинодро кушоед, то онро дар Китоби Муқаддас 1992, 1999 хонед.

Барои маълумоти муффасал ба адреси электронии мо муроҷиат намоед: [email protected]

Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).

Рӯзҳои охир