Аз оҳан ва мис бандубасти туст, ва некӯаҳволии ту тамоми умри ту давом мекунад.
Такрори Шариат 33:25
Нури рӯзона
Аз оҳан ва мис бандубасти туст, ва некӯаҳволии ту тамоми умри ту давом мекунад.
Такрори Шариат 33:25
Чун шуморо барои таслим кардан гирифта баранд, пешакӣ ғамхорӣ ва андеша накунед, ки чӣ бояд бигӯед; балки он чи дар он соат ба шумо ато шавад, онро бигӯед: зеро гӯянда шумо нестед, балки Рӯҳулқудс аст.
Инҷили Марқӯс 13:11
Пас, барои фардо ғамхорӣ накунед, зеро ки фардо барои худ ғамхорӣ хоҳад кард: заҳмати имрӯз барои имрӯз кофист.
Инҷили Матто 6:34
Осмон ва замин, баҳрҳо ва ҳар он чи дар онҳо меҷунбад, Ӯро мадҳ мекунанд.
Забур 68:35
Ӯ хастаро қувват мебахшад, ва ба бемаҷол тавоноӣ афзун мекунад.
Ишаъё 40:29
Ҳамааш аз дастам меояд, бо мадади Масеҳ, ки маро кувват мебахшад.
Нома ба Филиппиён 4:13
Наҳри Қишӯн онҳоро ғарқ кард, — наҳри қадимӣ, наҳри Қишӯн. Бо тамоми қувват, эй ҷони ман, душманро поймол кардӣ!
Доварон 5:21
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
27 Янв 2026
1 John 3:5
26 Янв 2026
Hebrews 13:13-14
25 Янв 2026
Romans 3:22
24 Янв 2026
Philippians 4:5
23 Янв 2026
Romans 5:5
22 Янв 2026
Psalms 48:14
21 Янв 2026
John 15:2