Ва исми Худовандро, ки ба ӯ гап зад, Ато‐Эл‐рӯӣ хонд, зеро гуфт: «Гӯё ки ман ин ҷо баъд аз бинандаи ман бидидам».
Ҳастӣ 16:13
Нури рӯзона
Ва исми Худовандро, ки ба ӯ гап зад, Ато‐Эл‐рӯӣ хонд, зеро гуфт: «Гӯё ки ман ин ҷо баъд аз бинандаи ман бидидам».
Ҳастӣ 16:13
Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд. Маро, эй Худованд, аз одами бад бираҳон; аз шахси золим маро муҳофизат намо, Ки онҳо дар дил қасдҳои бад доранд, ҳар рӯз ҷангу ҷидол ба миён меоваранд. Забони худро ба сони мор тез мекунанд: заҳри афъӣ зери лабҳои онҳост. Село.
Забур 139:1-4
Мағрурон барои ман қапқон ва камандҳо пинҳон кардаанд, дар сари роҳ дом ниҳодаанд, тузоқҳо барои ман шинондаанд. Село.
Забур 139:6
Чашмони Худованд дар ҳама ҷост: бадон ва неконро мушоҳида менамояд.
Масалҳо 15:3
Зеро ки роҳҳои одамизод дар пеши назари Худованд аст, ва Ӯ ҳамаи тариқҳои варо месанҷад.
Масалҳо 5:21
Ба онҳо гуфт: «Шумо худро пеши мардум одил вонамуд мекунед, вале Худо аз дилҳои шумо огоҳ аст: зеро он чи дар назари мардум олидараҷа аст, пеши Худо зишт аст.
Инҷили Луқо 16:15
Зеро ки чашмони Худованд тамоми заминро мушоҳида мекунад, то онҳоеро, ки дилашон ба Ӯ амин аст, тақвият намояд; ту дар ин бобат аблаҳӣ кардӣ, бинобар ин минбаъд ба ҷангҳо мубтало хоҳӣ шуд».
2 Вақоеънома 16:9
Лекин Исо ба онҳо эътимод накард, зеро ки ҳамаро мешинохт, Ва эҳтиёҷ надошт, ки касе дар бораи инсон шаҳодат диҳад, зеро ки он чи дар инсон аст, Худ медонист.
Инҷили Юҳанно 2:24-25
Ва бори сеюм ба вай гуфт: «Эй Шимъӯн ибни Юнус! Оё Маро дӯст медорӣ?» Петрус ғамгин шуд, ки бори сеюм аз вай пурсид: «Оё Маро дӯст медорӣ?» ва ба Ӯ гуфт: «Худовандо! Ту аз ҳама чиз воқиф ҳастӣ; Ту медонӣ, ки Туро дӯст медорам». Исо ба вай гуфт: «Гӯсфандони Маро бичарон;
Инҷили Юҳанно 21:17
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
28 Янв 2026
Deuteronomy 33:25
27 Янв 2026
1 John 3:5
26 Янв 2026
Hebrews 13:13-14
25 Янв 2026
Romans 3:22
24 Янв 2026
Philippians 4:5
23 Янв 2026
Romans 5:5
22 Янв 2026
Psalms 48:14