Чоршанбе, 4 Март 2026

Нури рӯзона

4 Мар 2026

Ва бидид, ки оромидан хуб аст, ва замин гуворост, пас китфи худро барои боркашӣ хам кард ва бо хизмати хироҷ машғул шуд.

Ҳастӣ 49:15

Эй бародарон, аз уқубат ва пурсабрии анбиё ибрат гиред, ки онҳо ба исми Худованд сухан меронданд.

Яъқуб 5:10

Ҳамаи ин ба онҳо чун тимсоле рӯй дод, ва барои тарбияти мо навишта шуд, ки охирзамон насиби мо гардидааст.

1 ба Қӯринтиён 10:11

Вале ӯ ба вай гуфт: «Ту мисли яке аз сифлагон сухан меронӣ; наход ки некиро аз Худо қабул кунему бадиро қабул накунем?» Дар ҳамаи ин Айюб бо лабҳои худ хатое накард.

Айюб 2:10

Ва Мусо ба Ҳорун гуфт: «Ин аст он чи Худованд сухан ронда, гуфтааст: „Ба воситаи наздиконам қудсияти Худро зоҳир хоҳам сохт, ва дар назари тамоми қавм ҷалол хоҳам ёфт“». Ва Ҳорун хомӯш монд.

Ибодат 10:3

Ва Самуил ҳамаи суханонро ба ӯ баён намуд, ва аз ӯ пинҳон надошт. Ва ӯ гуфт: «Ӯ Худованд аст, ва он чи дар назараш писанд ояд, ба амал хоҳад овард».

1 Подшоҳон 3:18

Cast your burden on Yahweh, and he will sustain you. He will never allow the righteous to be moved.

Psalms 55:22

Аммо Ӯ бемориҳои моро ба сар мебурд, ва ба дардҳои мо мубтало буд, валекин мо гумон бурдем, ки Ӯро Худо зада, ба мусибат ва азиятҳо гирифтор кардааст.

Ишаъё 53:4

Назди Ман оед, эй ҳамаи заҳматкашон ва гаронборон, ва Ман ба шумо оромӣ хоҳам бахшид; Юғи Маро ба гардани худ гиред ва аз Ман таълим ёбед, зеро ки Ман ҳалим ва фурӯтан ҳастам, ва ҷонҳои шумо оромӣ хоҳад ёфт; Зеро юғи Ман хуш ва бори Ман сабук аст».

Инҷили Матто 11:28-30

Бо зеҳни сунъӣ тарҷума шудааст, аз ҷумла иқтибосҳои Китоби Муқаддас — ҳама гуна истинодро кушоед, то онро дар Китоби Муқаддас 1992, 1999 хонед.

Барои маълумоти муффасал ба адреси электронии мо муроҷиат намоед: [email protected]

Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).

Рӯзҳои охир