Ва ба ҳамдигар илтифот намуда, якдигарро афв кунед, агар касе аз дигаре ранҷида бошад: чӣ тавре ки Масеҳ шуморо омурзидааст, шумо низ ҳамин тавр кунед;
Нома ба Қӯлассиён 3:13
Нури рӯзона
Ва ба ҳамдигар илтифот намуда, якдигарро афв кунед, агар касе аз дигаре ранҷида бошад: чӣ тавре ки Масеҳ шуморо омурзидааст, шумо низ ҳамин тавр кунед;
Нома ба Қӯлассиён 3:13
Исо гуфт: «Аз қарзхоҳе ду кас қарздор буданд: яке панҷсад динор ва дигаре панҷоҳ динор қарз дошт. Азбаски барои адо кардан чизе надоштанд, ӯ ҳар дуро бахшид. Бигӯ, ки кадоме аз онҳо ӯро бештар дӯст хоҳад дошт?»
Инҷили Луқо 7:41-42
Он гоҳ оғояш ӯро назди худ даъват намуда, гуфт: „Эй ғуломи шарир! Тамоми қарзатро ман ба ту бахшидам, зеро ки ту аз ман илтимос кардӣ; Оё туро низ лозим набуд, ки ба рафиқи худ раҳм кунӣ, чунон ки ман ба ту раҳм кардам?“
Инҷили Матто 18:32-33
Ва ҳангоме ки дар дуо меистед, агар аз касе ранҷу озоре кашида бошед, гуноҳи вайро афв намоед, то ки Падари шумо низ, ки дар осмон аст, гуноҳҳои шуморо биомурзад; Аммо агар афв накунед, Падари шумо низ, ки дар осмон аст, гуноҳҳои шуморо наомурзад».
Инҷили Марқӯс 11:25-26
Пас, ҳамчун баргузидагони муқаддас ва маҳбуби Худо, марҳамат, меҳрубонӣ, хоксорӣ, фурӯтанӣ ва пурсабриро дар бар кунед, Ва ба ҳамдигар илтифот намуда, якдигарро афв кунед, агар касе аз дигаре ранҷида бошад: чӣ тавре ки Масеҳ шуморо омурзидааст, шумо низ ҳамин тавр кунед;
Нома ба Қӯлассиён 3:12-13
Он гоҳ Петрус назди Ӯ омада, гуфт: «Худовандо! Чанд бор ба бародари худ, ки нисбат ба ман гуноҳ карда бошад, афв намоям? Оё то ҳафт бор?» Исо ба вай гуфт: «Ба ту намегӯям: „То ҳафт бор“, балки то ҳафтод карат ҳафт бор.
Инҷили Матто 18:21-22
Ба замми ҳамаи ин шумо муҳаббатро дар бар кунед, ки он маҷмӯи камолот аст;
Нома ба Қӯлассиён 3:14
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
9 Июн 2026
John 7:46
8 Июн 2026
Genesis 39:3
7 Июн 2026
Luke 18:1
6 Июн 2026
Zephaniah 3:17
5 Июн 2026
Luke 17:10
4 Июн 2026
Haggai 2:9
3 Июн 2026
Matthew 25:13