Ва Нишинандаи тахт гуфт: «Инак, ҳама чизро нав месозам». Ва ба ман гуфт: «Бинавис, зеро ки ин суханон ҳақ асту рост».
Ваҳй Юҳанно 21:5
Нури рӯзона
Ва Нишинандаи тахт гуфт: «Инак, ҳама чизро нав месозам». Ва ба ман гуфт: «Бинавис, зеро ки ин суханон ҳақ асту рост».
Ваҳй Юҳанно 21:5
Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегӯям: кас агар аз олами боло таваллуд наёбад, Малакути Худоро дида наметавонад».
Инҷили Юҳанно 3:3
Пас, касе ки дар Масеҳ аст, махлуқи навест; чизҳои қадима гузаштааст, ва инак ҳама чиз нав шудааст.
2 ба Қӯринтиён 5:17
Ва дили тоза ба шумо хоҳам дод, ва рӯҳи тоза андаруни шумо хоҳам ниҳод; ва дили сангинро аз ҷисми шумо дур хоҳам кард, ва дили гӯштин ба шумо хоҳам бахшид.
Ҳизқиёл 36:26
Пас, хамиртуруши кӯҳнаро тоза кунед, то ки шумо хамири нав бошед, чунки шумо бе хамиртуруш ҳастед, зеро ки Фисҳи мо, Масеҳ, барои мо забҳ шудааст.
1 ба Қӯринтиён 5:7
Ва одами навро, ки ба шабоҳати Худо дар адолат ва қудсияти ростӣ офарида шудааст, дар бар кунед.
Нома ба Эфсӯсиён 4:24
Ва халқҳо адолати туро, ва ҳамаи подшоҳон ҷалоли туро хоҳанд дид, ва ту бо исми наве ки даҳони Худованд онро муқаррар менамояд, хонда хоҳӣ шуд.
Ишаъё 62:2
Зеро, инак Ман осмони нав ва замини нав меофарам, ва чизҳои пештара ба хотир нахоҳад расид, ва ба дил нахоҳад омад;
Ишаъё 65:17
Агар ҳамаи инҳо чунин нобуд мешуда бошанд, пас шумо дар рафтори муқаддасона ва парҳезгорӣ чӣ гуна бояд бошед,
2 Петрус 3:11
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
10 Июн 2026
Luke 15:13
9 Июн 2026
John 7:46
8 Июн 2026
Genesis 39:3
7 Июн 2026
Luke 18:1
6 Июн 2026
Zephaniah 3:17
5 Июн 2026
Luke 17:10
4 Июн 2026
Haggai 2:9