Яҳудиён гуфтанд: «Бингаред, чӣ қадар вайро дӯст медошт!»
Инҷили Юҳанно 11:36
Нури рӯзона
Яҳудиён гуфтанд: «Бингаред, чӣ қадар вайро дӯст медошт!»
Инҷили Юҳанно 11:36
Ва Ӯ барои ҳама мурд, то ки зиндаҳо акнун на аз барои худашон зиндагӣ кунанд, балки барои Ӯ, ки аз барои онҳо мурд ва эҳьё шуд.
2 ба Қӯринтиён 5:15
Касе муҳаббати бузургтар аз ин надорад, ки ҷони худро барои дӯстони худ фидо кунад.
Инҷили Юҳанно 15:13
Ва ба ин сабаб низ метавонад доимо онҳоеро, ки ба василаи Ӯ сӯи Худо меоянд, наҷот диҳад, зеро ҳамеша зинда аст, то ки барои онҳо шафоат кунад.
ба Ибриён 7:25
Дар хонаи Падари Ман иқоматгоҳ бисьёр аст; ва агар чунин намебуд, магар ба шумо мегуфтам: „Меравам, то ки барои шумо ҷой тайёр кунам“? Ва ҳангоме ки биравам ва барои шумо ҷой тайёр кунам, боз омада, шуморо бо Худ мебарам, то дар он ҷое ки Ман ҳастам, шумо низ бошед.
Инҷили Юҳанно 14:2-3
Эй Падар! Мехоҳам онҳое ки ба Ман додаӣ, дар он ҷое ки мебошам, бо Ман бошанд, то ҷалоли Маро, ки ба Ман додаӣ, бубинанд, чунки Маро пеш аз таъсиси ҷаҳон дӯст доштӣ.
Инҷили Юҳанно 17:24
Пеш аз иди фисҳ, чун Исо донист, ки соати Ӯ расидааст, то ки аз ин ҷаҳон назди Падар биравад, Ӯ, ки мансубони Худро дар ин ҷаҳон дӯст медошт, онҳоро то ба охир дӯст дошт.
Инҷили Юҳанно 13:1
Мо Ӯро дӯст медорем, чунки аввал Ӯ моро дӯст дошт.
1 Юҳанно 4:19
Зеро муҳаббати Масеҳ моро водор менамояд, ки чунин муҳокима ронем: Яке барои ҳама мурд, пас ҳама мурданд. Ва Ӯ барои ҳама мурд, то ки зиндаҳо акнун на аз барои худашон зиндагӣ кунанд, балки барои Ӯ, ки аз барои онҳо мурд ва эҳьё шуд.
2 ба Қӯринтиён 5:14-15
Агар аҳкоми Маро риоят кунед, дар муҳаббати Ман хоҳед монд, чунон ки Ман аҳкоми Падари Худро риоят кардам, ва дар муҳаббати Ӯ мемонам.
Инҷили Юҳанно 15:10
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
21 Июн 2026
1 Peter 2:21
20 Июн 2026
Exodus 2:9
19 Июн 2026
Hebrews 12:14
18 Июн 2026
Exodus 25:21-22
17 Июн 2026
Philippians 4:6
16 Июн 2026
Ephesians 5:15-16
15 Июн 2026
Deuteronomy 29:29