Исо ба ақиб нигоҳ карда, дид, ки онҳо меоянд, гуфт: «Чӣ меҳоҳед?» Ба Ӯ гуфтанд: «Раббӣ», яъне: «эй Устод, дар куҷо истиқомат дорӣ?»
Ӯ гуфт: «Биёед ва бубинед». Онҳо омаданд ва диданд, ки дар куҷо истиқомат дорад, ва он рӯз назди Ӯ бимонданд. Тақрибан соати даҳум буд.
Инҷили Юҳанно 1:38-39
Дар хонаи Падари Ман иқоматгоҳ бисьёр аст; ва агар чунин намебуд, магар ба шумо мегуфтам: „Меравам, то ки барои шумо ҷой тайёр кунам“?
Ва ҳангоме ки биравам ва барои шумо ҷой тайёр кунам, боз омада, шуморо бо Худ мебарам, то дар он ҷое ки Ман ҳастам, шумо низ бошед.
Инҷили Юҳанно 14:2-3
Касе ки ғолиб ояд, ба вай ато хоҳам кард, ки бо Ман бар тахти Ман биншинад, чунон ки Ман низ ғолиб омада, бо Падари Худ бар тахти Ӯ нишастам.
Ваҳй Юҳанно 3:21
Зеро Ӯ, ки Олӣ ва Баланд аст, ва дар абадият Сокин мебошад,
ва исмаш Қуддус аст, чунин мегӯяд:
«Ман дар макони олӣ ва муқаддас,
вале бо мазлум ва афтодарӯҳ сукунат дорам,
то ки рӯҳи афтодагонро зинда созам,
ва дили мазлумонро эҳьё намоям.
Ишаъё 57:15
Инак, назди дар истода, тақ‐тақ мекунам: агар касе овози Маро шунида, дарро воз кунад, назди ӯ даромада, бо ӯ таоми шом хоҳам хӯрд, ва ӯ бо Ман.
Ваҳй Юҳанно 3:20
Ва онҳоро таълим диҳед, то ҳар он чиро, ки ба шумо фармодам, ба ҷо оваранд; ва инак, Ман ҳаррӯза то охирзамон бо шумо ҳастам». Омин.
Инҷили Матто 28:20
Пеши Худованд сокит бош ва ба Ӯ умед банд.
Ба касе ки роҳаш барор ёфтааст,
ба шахси дасисакор рашк накун.
Забур 36:7