Панҷшанбе, 25 Июн 2026

Нури рӯзона

25 Июн 2026

«Эй шамшер! Ба муқобили чӯпони Ман ва ба муқобили марде ки ҳамдами Ман аст, бархез, мегӯяд Худованди лашкарҳо; Чӯпонро бизан, ва гӯсфандон пароканда хоҳанд шуд, ва Ман дасти Худро бар хурдон хоҳам нигаронид.

Закариё 13:7

Зеро ки дар Ӯ тамоми пуррагии Илоҳият ҷисман сокин аст,

Нома ба Қӯлассиён 2:9

«Танҳо Худам чархуштро поймол кардам, ва аз қавмон касе бо Ман набуд, ва Ман онҳоро дар ғазаби Худ поймол намудам, ва дар шиддати хашми Худ онҳоро лагадкӯб сохтам, ва хуни онҳо бар либоси Ман пошида шуд, ва Ман тамоми ҷомаи Худро олуда кардам;

Ишаъё 63:3

Зеро ки кӯдаке барои мо таваллуд ёфт, Писаре ба мо дода шуд, ва салтанат бар дӯши Ӯ хоҳад буд, ва номи Ӯ Аҷиб, Мушовир, Худои Ҷаббор, Падари ҷовид, Мири осоиштагӣ хонда хоҳад шуд.

Ишаъё 9:6

Писараш, ки дурахши ҷалол ва мазҳари моҳияти Ӯ буда, ҳама чизро бо каломи қуввати Худ нигоҳ доштааст, чун татҳири гуноҳҳои моро ба амал овард, ба ямини Кибриё дар афроз нишаст,

ба Ибриён 1:3

Аммо дар бораи Писараш гуфта шудааст: «Тахти Ту, эй Худо, то абад аст, ва асои садоқат асои салтанати Туст.

ба Ибриён 1:8

Ва боз, вақте ки Нахустзодаро ба ҷаҳон дохил мекунад, мегӯяд: «Ва бигзор ҳамаи фариштагони Худо Ӯро парастиш кунанд».

ба Ибриён 1:6

Бар либос ва бар рони Ӯ навишта шудааст: «Подшоҳи подшоҳон ва Худованди худовандон».

Ваҳй Юҳанно 19:16

Бо зеҳни сунъӣ тарҷума шудааст, аз ҷумла иқтибосҳои Китоби Муқаддас — ҳама гуна истинодро кушоед, то онро дар Китоби Муқаддас 1992, 1999 хонед.

Барои маълумоти муффасал ба адреси электронии мо муроҷиат намоед: [email protected]

Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).

Рӯзҳои охир