Бо якдигар ҳамфикр бошед; ҳавобаландӣ накунед, балки бо ҳакирон муошират намоед; худро доно мапиндоред.
Нома ба Румиён 12:16
Нури рӯзона
Бо якдигар ҳамфикр бошед; ҳавобаландӣ накунед, балки бо ҳакирон муошират намоед; худро доно мапиндоред.
Нома ба Румиён 12:16
Эй бародарони ман! Ба Исои Масеҳи Худованди мо, ки Худованди ҷалол аст, бе рӯйбинӣ имон дошта бошед.
Яъқуб 2:1
Гӯш диҳед, эй бародарони маҳбуби ман: оё Худо камбағалони оламро интиҳоб накардааст, ки сарватдор дар имон ва ворисони Малакуте бошанд, ки онро Ӯ ба дӯстдорони Худ ваъда кардааст?
Яъқуб 2:5
Ҳеҷ кас нафъи худро толиб набошад, балки нафъи дигаронро.
1 ба Қӯринтиён 10:24
Лекин Худо ҷоҳилони ҷаҳонро баргузид, то ки ҳакимонро шарманда кунад, ва нотавонони ҷаҳонро баргузид, то ки тавонгаронро шарманда кунад; Ва Худо бекасони ҷаҳон ва ҳақиронро, ва он чиро, ки номавҷуд аст, баргузид, то ки мавҷудро ботил кунад, — Барои он ки ҳеҷ ҷисме дар пеши Худо фахр накунад.
1 ба Қӯринтиён 1:27-29
Суруди сууд. Довудро, эй Худованд, ба ёд ор, тамоми меҳнати ӯро,
Забур 131:1
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
4 Июл 2026
John 13:23
3 Июл 2026
Romans 8:17
2 Июл 2026
Exodus 12:43
1 Июл 2026
Galatians 5:22
30 Июн 2026
Revelation 3:19
29 Июн 2026
1 John 5:3
28 Июн 2026
Job 19:25